Роҳбарият

РАҶАБЗОДА Салима - Ҷонишини аввали Директор

 РАҶАБЗОДА Салима 4-уми феврали соли 2020 бо Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муовини якуми Директори Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллии Тоҷикистон» таъин гардид.

Нурзода Ҷалолуддин Низомиддин – Муовини Директор

4-уми феврали соли 2020 бо Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Нурзода Ҷалолуддин Низомиддин муовини директори Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллии Тоҷикистон» таъин шуд.

 Ҷалолуддин Нурзода 1 марти соли 1969 дар ноҳияи Мастчоҳи вилояти Суғд дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Ў соли 1986 мактаби миёнаи №11-и ноҳияи Мастчоҳро хатм намуда, ҳамон сол ба факултаи риёзиёти Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон дохил гардид. Номбурда донишгоҳи мазкурро соли 1992 бо баҳои хубу аъло хатм намуда, фаъолияти кориашро ҳамчун омўзгор аз мактаби миёнаи №11 оғоз намудааст.

Директор Файзализода Ҷумахон Хол

Аз 04.02.2020 бо Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифаи директори Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллии Тоҷикистон»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардид.

Файзализода Ҷумахон Хол, 14 марти соли 1963 дар деҳаи Кангурти ноҳияи Темурмалики (собиқ ноҳияи Совет) вилояти Хатлон, дар оилаи коргар ба дунё омадааст.

Солҳои 1970-1980 дар мактаби миёнаи №8, деҳаи Кангурти ноҳияи Темурмалик таҳсил намудааст. Фаъолияти меҳнатиаш соли 1982 аз бригадаи чорвопарварии совхози Кангурти ноҳияи Темурмалик оғоз шудааст. 

Солҳои 1982-1984 хизмат дар сафи Кувваҳои Мусаллаҳи собиқ Иттиҳоди Шўравӣ, баъди адои хизмати ҳарбӣ аз соли 1985 то соли 1986 дар бригадаи №3 совхози боғпарварии ба номи Исмат Шарипови  ноҳияи Темурмалик  ба сифати коргар ва аз соли 1986 то соли 1987 ба ҳайси мудири бахши баҳисобгирии Кумитаи комсомолии ҳуқуқи райкомдоштаи совхози Кангурт адои вазифа намуд.