Гароиши ҷавонон ба созмонҳои ифротӣ Ҳукуматро нигарон кардааст
Бино ба иттилои Рамазон Раҳимзода, Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон танҳо дар як солу се моҳ 144 нафар ба гуноҳи узвият дар гуруҳҳои ифротӣ боздошт шудаанд. Тафтиши парвандаи иддае ба анҷом расидаву санҷиши арқоми парвандаҳои баъзеи дигар идома дорад.
Дар ин бора Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон дар ҳамоиши “Ҳамкории ҷавонон бо мақомоти корҳои дихилӣ дар мубориза бар зидди ифротгароӣ”, ки имрӯз, 2-уми апрел дар Китобхонаи миллӣ баргузор шуд, хабар дод.
Дар ин нишаст ҳамчунин муовини Сарвазир Марҳабо Ҷабборӣ, Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ Аҳтам Абдуллозода, Раиси Кумитаи кор бо занон ва оила Махфират Хидирзода, Раиси Кумита оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳо Сулаймон Давлатов ва намояндагону ташкилоту созмонҳои байналмилаливу ҷамъиятӣ ширкат доштанд.
Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон бо изҳори нигаронии амиқ иброз дошт, ки гаравиши ҷавонон ба созмонҳо ва гуруҳҳои ифротӣ афзудааст. Барои қиёс Рамазон Раҳимзода гуфт, ки агар соли 2011 34 нафар аз ҷумлаи ин афрод боздошт шуда бошанд, пас соли 2014 ва зарфи се моҳи охир теъдодашон ба 144 нафар расидааст.
Рамазон Раҳимзода ҳамчунин гуфт, ки бештар аз дигар шаҳру навоҳии кишвар ҷавонон аз Исфара, Истаравшан, Панҷакент, Кӯлоб, Ваҳдат ва Ҳисор ба ин гуруҳҳо ҷалб шудаанд.
Аз ин пештар ҳам мақомот расман эълон карда буданд, ки барояшон маълум аст, ки дар Сурия ва Ироқ бештар аз 200 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон меҷанганд. Иддае куштаву захмӣ ва иддаи дигар ҳамоно дар сафи Давлати исломӣ мебошанд.
Вазири корҳои дохилӣ бо нигаронӣ аз он ҳарф зад, ки “ҳолатҳое низ ба қайд гирифта шудааст, ин афрод зану фарзандони худро низ ба он кишварҳои ноором даъват карда, ба назди худ бурдаанд”.
Марҳабо Ҷабборӣ, муовини Сарвази Тоҷикистон гуфт, ки “зуҳури афроди созмони Давлати исломӣ дар Ироқ ва Шом дар Афғонистони ҳамсоя таҳдидҳои субот ва амнияти кишвари моро низ зиёдтар кардааст”.
Раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ Аҳтам Абдуллозода дар чорабинӣ дар мавзӯи «Арҷгузории ҷавонон ба фарҳанги миллӣ ҳамчун омили муҳими ваҳдат дар Тоҷикистони соҳибистиқлол» маъруза намуд. Ӯ таъкид кард, ки "аз рӯи нишондоди оморӣ ҷавонони то 30-сола қариб 70% аҳолии Тоҷикистонро ташкил медиҳанд. Маълум мегардад, ки вақте мегӯем: "ҷомеа", асосан ҷавононро дар назар дорем ва вақте "мушкилоти ҷавонон" мегӯем, пеш аз ҳама мушкилоти тамоми ҷомеаи Тоҷикистон дар назар аст".
Гуфтанист, ки семинари илмӣ-амалӣ дар мавзуъи Ҳамкории ҷавонон бо мақомоти корҳои дихилӣ дар мубориза бар зидди ифротгароӣ” дар маҷлисгоҳи Китобхонаи миллӣ аз субҳ оғоз ва то соати 18 идома дошт.
Дар барнома ба ҷуз шунидани маърузаҳо ва саволу ҷавоб атрофи онҳо шиносоӣ бо Кохи Наврӯз, тамошои филми мустанад аз таърихи барқароршавии сохти констиутсионӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назар дошта шуда буд.