“Имло ва забони адабӣ”
Чунин ном дорад китоби нави донишманди тоҷик, прорфессор Сайфиддин Назарзода, ки ахиран интишороти “Андалеб-Р” дар ҳаҷми 320 саҳифа ба теъдоди 1000 нусха аз чоп баровард.
Тавре аз сарсухани он пайдост, ҳадафи муаллиф баррасии масъалаҳои хат ва имлои забони тоҷикӣ аз лиҳози таърихи ташаккул аст.
Китоб аз чор боб ва нуҳ замима иборат аст ва боби аввал дарбаргирандаи масъалаҳои хат ва алифбои забони авестоӣ, форсии бостон, форсии миёна, бохтарӣ, портӣ, суғдӣ, хутанусакоӣ ва алифбои арабиасоси тоҷикӣ буда, муаллиф бо овардани намунаҳои адабиёт ва хат, инчунин садонокҳо ва ҳамсадоҳои ин забонҳо онро аз лиҳози тағйири хронологӣ ва таърихӣ мавриди баррасӣ қарор додааст.
Дар боби дуввум ба масъалаҳои имлосозии забони тоҷикӣ дар давраи Шӯравӣ таваҷҷуҳ шудааст. Муаллиф бар ин назар аст, ки дар ин давра “бо гузаштан ба алифбои лотинӣ ва крилӣ, ки алорағми алифбои ҳамсадоии арабӣ алифбоҳои фонетикӣ ё садонокӣ мебошанд, масъалаи ташхис ва ифодаи садонокҳо хеле мубрам гардид”.
Дар боби сеюми китоб масъалаҳои марҳилаи навини ташаккули имлои забони тоҷикӣ дар даврони Истиқлол мавриди пажуҳиш қарор гирифтааст ва дар боби чорум ва ниҳоии китоб намунаи навишти истилоҳот, таъсири имлои забон ба хусисиятҳои вожагонии забонро нишон додааст.
Замимаҳо асосан қарору қонунҳо дар бораи забон ва имло дар замонҳои гуногунро дар бар мегирад. Аввалин замима “Ҷамъбаст ва қарорҳои анҷумани нахустини илмӣ-забоншиносии Тоҷикистон” ном дорад ва он хулосаи анҷумани ёдшуда мебошад, ки моҳи августи соли 1941 дар шаҳри Сталинобод доир шудааст. Замимаи охир Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ (Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикитсон аз 4 октябри соли 2011) мебошад.