Китобҳои сӯхта: Киҳо буданд китобсӯзони ин миллат?
Аҷнабиён тӯли торихи дароз на яку ду ва саду ҳазор, балки миллионҳо нусха китобҳои хоноро сӯхтанду ба хокистар табдил доданд. Аз асри Чингизи ғаддор то Ленину Истолин агар ҳисоб кунем чӣ ганҷинаи ноби мо аз даст рафт. Аз китоби муқаддаси Қуръон то ашъори Рӯдакиву Мавлавӣ, Саъдиву Ҳофиз,Ҷомиву Навоӣ, Ҳиловиву Амир Хусрав, Бедилу Ҳасани Деҳлавӣ ва ғайраву ҳоказо туъмаи оташи ғосибон шуданд. Онҳое ба ганҷинаи ҳикмати мо дасти ғорат дароз карданд, ки ҳарфе аз онро намефаҳмиданд. Ҳадаф танҳо бероҳаву бесавод кардани миллате буд, ки “аз гаҳвора то гӯр дониш суроғ дошт”.
Ва оё мешавад ин ҳамаро фаромӯш кард? Оё мешавад он замонеро ба зуволадони торих супурд, ки тоҷик барои ҳифзи китобаш ҳатто ҷонашро ба хатар меандохт, вале китобашро зери хок мекард, то нобуд нашавад? Ин магар қаҳрамонӣ нест?
Ва тӯли ин таърих киҳо буданд китобсӯзону ғоратгарон ва ононе, ки ганҷинаи бебаҳои моро ба яғмо бурданд ва имрӯз моро водор мекунанд, ки бо тилло онҳоро бихарем?
Маърӯзаи мудири кафедраи таърихи халқи тоҷики Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, доктори улуми таърих, профессор Қаҳҳори Расулиён таҳти унвони «Китобсўзиҳо дар тўли торих», ки дар мизи мудаввари “Чароғи равшан” хонда шуд, ба ҳамаи ин суолҳо посухҳои рушану дақиқ медод.
Ин маҳфил бо сухани ифтитоҳии Директори Китобхона, профессор Сайфиддин Назарзода рӯзи ҳафтуми сентябр бо ширкате ҷамъе аз хонандагон, донишҷӯён ва устодони макотиби оливу миёна дар доираи чорабиниҳои “Рӯзи китоб” оғоз шуд.
Қаҳҳори Расулиён бо истифода аз сарчашмаҳои торихӣ аз ин китобсӯзиҳои пурфоҷеа ҳарф зад ва аз даҳҳо рӯйдодҳои хунини замони Чингизхон ҳикоят кард, ки ҳар ҷо по гузошт, ҳамаро сӯхту ба яғмо бурд.
Ноиби ректори Донишгоҳи Славянии Тоҷикистону Русия, дотсент Масрур Абдуллоев дар мавзўи «Аҳамият ва нақши китоб дар ҷомеаи иттилоотӣ» ва Майрам Мамадазимова оид ба дирӯзу имрӯзи Китобхонаи миллӣ суханронӣ карданд.