Анҷоми як семинари муфид
Нашр шуд 2015-05-27 16:02
Дар Китобхонаи миллӣ семинарӣ омӯзишии “Нашри китоб дар Тоҷикистон ва раванди таъмини китобхонаҳо бо китобҳои тозанашр дар партави Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи нусхаҳои хаттӣ” ва Қарори Ҳукумати Тоҷикистон “Дар бораи номгӯи гирандагони нусхаҳои ҳатмии ройгони ҳуҷҷатҳо” ба анҷом расид.
Дар семинар Сармутахассиси Раёсати илму маърифати Дастгоҳи иҷроияи Президенти Тоҷикистон Тоҳир Рашидӣ ва Директори Пажуҳишгоҳи илмӣ-таҳқиқотии фарҳанг ва иттилооти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Шариф Комилзода суханронӣ карданд.
Ширкаткунандагон, ки кормандони Китобхонаи миллӣ, вазорати фарҳанг ва дигар ниҳодҳои зирабт буданд, дар поёни суханрониҳо мулоҳизоти худро атрофи мавзуъ иброз доштанд.
Семинар аз ҷониби Китобхонаи миллӣ ва Вазорати фарҳанги кишвар созмон ёфта буд. Қарор аст дар ояндаи наздик атрофи масоили нашри китобҳо ва оморгирии ниёзҳои хонандагон ба китоб семинар ва ҷаласоти муштарак доир карда шаванд.