нигаҳдории депозитарӣ

Нашри нахустин шумораи маҷаллаи «Китобдорӣ»

Маҷаллаи «Китобдорӣ» иборат аз 32 саҳифа зери назари директори Муассисаи давлатии  «Китобхонаи миллии Тоҷикистон», профессор Сайфиддин Назарзода  аз чоп баромад.

Китобхонаи миллии Тоҷикистон рўз то рўз дар ҳама самтҳои фаъолияти худ, хусусан ҷалби хонандагон, ташрифи хонандагон, диҳиши адабиёт, баргузории чорабиниҳои илмию фарҳангӣ, ғанигардонии фондҳои китобӣ, автоматикунонии раванди китобдорӣ-иттилоотӣ ва дигар самтҳои фаъолияташ қадамҳои устувор ба пеш мегузорад ва ба комёбиҳои назаррас ноил гардидааст. Дар баробари рўшди самтҳои фаъолияти зикршудаи китобхона, ҳамчунин шумораи нахустини маҷаллаи илмӣ-фарҳангии Китобхонаи миллии Тоҷикистон бо номи

Экспедитсияи Ҳисор дар солҳои 1896 -1899

Русҳо водии Ҳисорро ҳанӯз охири асри ХIХ омӯхта буданд. Императори рус ҷиҳати омӯзиши ҷуғрофӣ ва сарватҳои табии ин водии зархез ҳанӯз солҳои 1896-1899 экспедитсияи вежа ташкил кардааст, ки ба он олимони саршиноси соҳа сафарбар шудаанд. Ҳеч медонед, ки як нусха китобе, ки аз натиҷаи ин экспедитсия охири қарни 19 дар Санк-Петербург нашр шуда буд, дар бойгонии Китобхонаи миллӣ вуҷуд дорад?

Модарам, эй соябону сарпарасту сарварам...

Ду рӯз пас Рӯзи модарон аст. Ҳар сол дар остонаи ин рӯз менависем, ки модарону хоҳарони мо набояд рӯзи вежаи эҳтиром дошта бошанд, балки онҳо бояд ҳамарӯза мавриди эҳтирому иззат қарор гиранд. Аммо мавҷудияти як рӯзе дар як сол боз ҳам барои ҷалби таваҷҷуҳи ҳамагон ба модарон-сарчашмагони ҳаёт муҳим аст.
Дар зер табрикоти аҳли эҷоди кормандони Китобхонаи миллии Тоҷикистонро ба модарону хоҳарон дар “Рӯзи модарон” меорем. Умедворем мавриди писанди ҳамагонӣ қарор мегирад.

Китобе, ки Михаил Андреев ба Мирзо Абдулқодир Муҳиддинов туҳфа кардааст

«Ба ҷаноби олимартаба рафиқи муҳтарам Мирзо Абдулқодир ин асар аз тарафи муаллиф бо эҳтироми тамом тақдим мешавад». Ин як ҷумларо олими баруманд дар ҳошияи китобе навиштааст, ки ба Мирзо Абдулқодир Муҳиддинов ҳадя кардааст. Нодиртарин китобе, ки дар бойгонии шуъбаи нигаҳдории депозитарӣ маҳфуз аст.
Сухан аз китоби шарқшинос, мардумшинос, бостоншинос ва забоншиноси Иттиҳодӣ Шўравӣ  Михаиил Степанович Андреев бо номи «Нигораҳои тоҷикони куҳистон ва қирғизҳои Помир» (Орнамент горных таджиков и киргизов Памира) аст, ки  соли 1928 дар чопхонаи «Типо-литография №2 Казгиза»-и шаҳри Тошкент ба нашр рисидааст. Китоби мазкур аз 41 саҳифа иборат буда, дар қисмати аввали он доир ба нақшу нигори тоҷикони болооби Амударё  ва дар қисмати дуюм доир ба нақшу нигори қирғизҳои Помир маълумот дода шудааст. Бояд гуфт, ки муаллиф

Ёди устоди зиндаёдам

Бо гузашти ду ҳафта аз даргузашти устод Ислом Ҷӯраев ҳамоно ин сурати нуронӣ аз пеши назарам дур намешавад.
Ба қавли хирадманде шахсияте, ки ба шарофати саъю кушишҳо ва заҳматҳояш нафареро ҳарф, одобу одамият, донишу фаросат меомӯзад, барҳақ омӯзгор меноманд. Оне ки рафтору гуфтори нигоҳаш саршори меҳру муҳаббат, дилсӯзиву ғамхорӣ нисбати шогирдаш аст, лоиқи шарафу эътибори омӯзгорӣ мегардад ва бешубҳа рисолати азаливу аслии хешро медонад.

ОБ ва КИТОБ ду вожаи муқаддас

Об манбаи  ҳаёт аст, китоб сарчашмаи дониш. Ин ҷумлаҳо бо ҳам алоқаи бунёдӣ дошта, зери ин ду мафҳум занҷирае мавҷуд аст, ки пайвастагии ду ҳастӣ об ва китобро асос мегузорад. Агар об сарчашмаи ҳаёт ва асоси мавҷудоти зинда, алалхусус инсоният дар замин бошад, пас китоб манбаи инкишоф ва рушди тафаккури инсонӣ дар бунёди зиндагии шоиста мебошад.
Муҳаққиқон ва пажўҳишгарони соҳаи биологӣ мавҷудияти об дар кураи заминро ба 20 млн сол

Страницы