Бобоҷони ШАФЕЪ

МАЭСТРО УБАЙДУЛЛОҲ РАҶАБОВ: РӮЙДОДҲОИ ТАСВИРШАВАНДА ДАР ФИЛМҲОИ МАЗҲАКАВӢ ТИПӢ НЕСТАНД

Ин суҳбат ду сол қабл  дар остонаи 25-солагии Истиқлолияти давлатӣ анҷом шуда буд. Аммо ҷойе чоп нашуд. Як сабаби он серкории устод Убайдуллоҳ буд, ки саргарми барномаҳои ҷашнӣ фурсат накарда буданд, ки матни омодашударо аз назар гузаронанд, чун қоида ин аст, ки мусоҳиб баъди рӯйи коғаз омадани суҳбат онро бихонад.

Шабе қабл бо баҳонаи зодрӯзи Маэстро баъзе

Кӯлоб бе Маҳтоб монд...

“Шеъри Маҳтоб содда аст, аммо соддаи пур  аз ҳузну сурур, пур аз мураккабиҳои зиндагии пуртазод ва дилнишин”.

Гулрухсор, сарсухан ба китоби
«Барги сабз», Душанбе, нашриёти
«Адиб», соли  1987

Ин матлаб аз умеду ноумедист. Аз рӯзгори бонуи сухан Маҳтоби Зокир. Агар умр барояш вафо мекард, 20-уми сентябр ба 61 қадам мегузошт. Ва соле пеш шастсола буд...

Маҳтоби Зокир.  Оне, ки умре порсо зист, оддӣ ва миёни анбӯҳи мардум танҳо зист. Ва бо ҳамин танҳоӣ аз ин олам

БАҲМАНЁР: Ман на вақти мушаххаси кори эҷодӣ дорам, на барои худ низомеву равишеро муайян кардаам

Ин мусоҳибаи се соли пеш аст, ки дар “Нигоҳ” чоп шуда буд ва имрӯз, ки зодрӯзи маъруфтарин насРнависи муосир Баҳманёр аст, бо каме ихтисор нашр мекунам. Умедворам мақбули хонандагон қарор мегирад.

Нахуст мехостем дар бораи қадамҳои аввалинатон ба наср донем. Маъмулан ҳар касе мехоҳад ба майдони адабиёт ворид шавад, аввал шеър мегӯяд. Шумо чӣ?

- Ман наметавонам гӯям, ки нависанда шудан ин орзуи кӯдакии ман буд. Зеро то синфи 5 ман аслан ягон китоб нахонда будам. На китоби бачагона ва на китоб барои калонсолон. Вақте дар синфи 5 таҳсил мекардам, падарам