матбуоти даврӣ

Қадаме дар ҷодаи рушд

Аз 14 январи соли равон дар кишвар маҳдудияти таъминоти барқ ба аҳолӣ ва корхонаву муассисаҳо пурра аз миён бардошта шуд. Ин иқдоми устувор дар самти амалӣ намудани се нақшаи стратегии мамлакат мебошад, ки яке аз онҳо расидан ба истиқлолияти энергетикӣ маҳсуб мешавад. Сар аз 14-уми январ дар тамоми шаҳру деҳот, манотиқи дурдасту музофоти кўҳии кишвар таъминоти барқ пурра ба роҳ монда шудааст.

Зарфи як сол хонандагони шуъбаи матбуоти даврӣ 31 ҳазору 756 рӯзномаву маҷалла дархост кардаанд

Дар ин сол баргардони шумораҳои маҳфузмондаи ( аз №1 то №112 ва №35) аввалин рўзномаи тоҷикӣ-“Бухорои шариф” ба анҷом расид.
Шуъбаи матбуоти даврӣ дар соли 2016 ба 14030хонанда хизмат расонидааст, ки нисбат ба соли гузашта 2874 нафар зиёд буда, ба хонандагони ташрифоварда 31756 нашрия пешниҳод карда шуд.
Барои таъминиталаботи рўзмарраи хонандагон ҳар ҳафта 46 номгў рўзнома бо забони давлатӣ, 19 номгўмаҷаллаҳои дохилӣ, 6 номгў рўзнома бо забони русӣ ва 55номгў маҷаллаи хориҷӣ қабул гардида, бо рақамгузории махсуси бибилиографӣба фонди шуъба ворид карда

«Шуълаи инқилоб»

«Шуълаи инқилоб», нашрияи Кумитаи ҳизбии болшевикони вилояти Самарқанди кишвари Туркистон барои мардуми форсизабон буда, нахустшуморааш 10 апрели соли 1919 дар шаҳри Самарқанд ба табъ расидааст.
«Шуълаи инқилоб» ҳафтае як маротиба зери шиори: «Ранҷбарони тамоми ҷаҳон, муттаҳид!» дар ҳаҷми ҳашт саҳифаи миёна бо ҳуруфи форсӣ ба тариқи чопи сангӣ ба табъ мерасид. Нашри рўзномаи мазкур то 8 декабри соли 1921 давом

Китоб табиби кулли дардҳост

Ҳафтаи ҷорӣ низ чорабинии анъанаии Даъват ба китобхона идома дошт. Як гуруҳ кормандони шуъбаҳои адабиёти хориҷӣ, адабиёти техникӣ, чорабиниҳои фарҳангӣ, матбуоти даврӣ ва маркетинг ва менеҷмент ба Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон, Донишгоҳи молия ва иқтисодии Тоҷикистон  ва  Колеҷи муҳандисию омўзгории Тоҷикистон, Колеҷи компютерӣ ва техникии Тоҷикистон рафтанд.
Намояндагони Китобхонаи миллии

«Бухорои Шариф»

«Бухорои Шариф» сароғоз ё хишти аввали бинои матбуоти миллии мо буда, дар қаламрави Осиёи Миёнаи тоинқилобӣ нахустин  нашрияе буд, ки пурра бо забони форсии тоҷикӣ ба табъ мерасид.
Нахустин шумораи он рўзи якшанбе, 11-марти соли 1912 дар шаҳри Когон-Бухорои нав дар ҳаҷми чор саҳифаи А-3 рўи чоп омад.
Муассисони ин рўзнома тоҷир Мирзо Муҳиддин Мансуров, шоир Мирзо Сироҷи Ҳакими Бухороӣ, ношири он мудири матбааи Когон Левии яҳудӣ,

Страницы