матбуоти даврӣ
Шуъбаи матбуоти даврӣ дар шашмоҳаи аввали соли 2015
Ҳар ҳафта ба Китобхона 46 номгўй рўзномаҳо бо забони давлатӣ, 19 номгўй маҷаллаҳои дохилӣ, 15 номгўй рўзнома бо забони русӣ ва 8 номгўй маҷаллаи хориҷӣ ворид мешавад.
Дар шаш моҳ 6820 нафар хонандагон вориди толори хониши шуъба шудаанд ва ба онҳо дар посух ба дархосташон бо 30328 рӯзнома ва 24422 маҷалла хизмат расонда шуд. Кормандони шуъба бо вуҷуди талош натавонистаанд ба 1 дарсади фармоишоти хонандагонро, ки бештар марбут ба нашрияҳои солҳои 30-и асри гузашта будааст, иҷро кунанд.
Шуъбаи матбуоти даврӣ
Шуъбаи матбуоти даврӣ таърихи наздик ба 80-сола дорад.
Соли 1935 бо мақсади ҷамъоварӣ, ҳифзу нигаҳдошт ва дар ихтиёри хонандагон қарор додани рўзномаву маҷаллаҳои Тоҷикистон ва Иттифоқи Шўравӣ дар назди Шуъбаи нигоҳдории китоб бахши матбуоти даврӣ ташкил карда шуд.