Бештари суолҳо дар бораи омўзиши забонҳои хориҷӣ аз ҷумла, забонҳои инглисӣ, олмонӣ, чинӣ, фаронсавӣ ва арабӣ буданд. Маълум буд, ки хонандагон ба забономӯзӣ шавқи бештар доранд. Ва бо истифода аз фурсат кормандони шуъбаи адабиёти хориҷӣ ҳамаи хонандагони мактабро барои курсҳои омўзишие, ки Китобхона дар вақти таътили тобистона ба нақша гирифтааст, даъват намуданд.
Ҳафтаи ҷорӣ низ чорабинии анъанаии Даъват ба китобхона идома дошт. Як гуруҳ кормандони шуъбаҳои адабиёти хориҷӣ, адабиёти техникӣ, чорабиниҳои фарҳангӣ, матбуоти даврӣ ва маркетинг ва менеҷмент ба Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон, Донишгоҳи молия ва иқтисодии Тоҷикистон ва Колеҷи муҳандисию омўзгории Тоҷикистон, Колеҷи компютерӣ ва техникии Тоҷикистон рафтанд.
Намояндагони Китобхонаи миллии
«Ҳамкории Китобхонаи миллии Тоҷикистон бо китобхонаҳои кишварҳои хориҷӣ дар даврони истиқлолият». Чунин ном дошт чорабиние, ки Шуъбаи адабиёти хориҷӣ ахиран доир намуд.
Директори Китобхонаи миллӣ, профессор Сайфиддин Назарзода ба ҳозирон дар бораи Истиқлолият, таърихи он ва гузаштаи ин 25 сол нақл кард ва гуфт, ин 25 сол як роҳи пуршебуфароз ва пурмашаққате буд, ки Истиқлолияти моро пойдору устувор гардонд.
Имрўзҳо Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арафаи Ҷашни 25-умин солгарди истиқлолияти давлатӣ қарор дорад. Волотарин дастоварди сиёсӣ дар таърихи Тоҷикистони навин соҳиб шудан ба Истиқлолияти давлатӣ мебошад. Бо касби истиқлол Ҷумҳурии Тоҷикистонро аксари кишварҳои дунё ба расмият шинохта, бо мо муносибатҳои дипломатии худро барқарор намуданд. Маҳз истиқлолият буд, ки мо имрӯз соҳиби Парчами миллӣ, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ ва пули миллӣ худ ҳастем.
Шуъбаи адабиёти хориҷӣ яке аз шуъбаҳои асосии китобхонаи миллии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Ва онро метавон китобхонаи хурд дар дохили китобхонаи бузург номид.
Шуъбаи адабиёти хориҷӣ дар соли 1956 дар Китобхонаи миллии ба номи Абулқосим Фирдавсӣ кушода шудааст ва қатори бахшҳову шуъбаҳои дигар аз моҳи марти соли 2012 то ин замон дар бинои нави Китобхонаи миллии Точикистон фаъолият мекунад.
Фаъолияти Шуъбаи адабиёти хориҷӣ барои дар
Дар масири таърих мизони давлатдориҳо ба сатҳи густурдае расиданд ва тақозое воқеан ҳам ҷиддӣ ва дидание дар милоки коргирии бурунмарзӣ кардан ва ҳамзамон нақши ниҳодҳо ва арзишҳои меҳварӣ дар созмондиҳии тамоми арсаҳои зиндагии ҷомеа ба таври рўзафзун боло рафтанд, ки тавонистанд ба давлатҳо шароити мусоиди амалиро баҳри барқарор намудани муносибатҳои