Китобхона ва ҷавонон

Китобхона хазинаи бузурги фарҳангу маънавиёт ва китоб  ганҷинаи  бебаҳо дар зиндагии инсонҳост. Дўсти беғаразу раҳнамо дар ҳама лаҳзаҳову давраҳои ҳаёт, шиноснома ва муаррифигари  халқу миллатҳо дар арсаи олам аст. Мардуми дунё маҳз ба шарофати китоб, осори гаронбаҳояшон, дар байни дигар қавму миллатҳо шуҳрату маҳбубият пайдо мекунанд. Ба қавли шоир:

Бе китоб, эй дўстон, бунёди мо норавшан аст,
Бечароғу бефурўғ чун хонаи беравзан аст.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гуфтаанд, ки «Китоб натанҳо сарчашмаи дониш, балки воситаи муҳимми тарбияи маънавии инсон аст»
Китобхона дар беҳтар шудани ахлоқ, рушди маънавиёт, ташаккули тафаккур ва васеъшавии ҷаҳонбинии ҷавонон нақши муҳим мебозад.
Китобхонаи миллии Тоҷикистон яке аз дастовардҳои бузурги фарҳангии мо дар замони истиқлолят аст. Кормандони китобхона кўшишу талош мекунанд, ки дар самти баланд бардоштани маърифати мардум, бахусус таваҷҷуҳ ба тарбияи маънавии ҷавонон,  саҳми бештаре дошта бошанд. Имрўзҳо ташрифи ҷавонон ба ин даргоҳи фарҳангу адаб, нисбат ба солҳои қаблӣ, зиёд мушоҳида мешавад.
Ба толори Шуъбаи хизматрасонӣ ба муштариён, ки калонтарин толори Китобхонаи миллӣ маҳсуб мешавад, дар понздаҳ рўзи аввали моҳи январ  ҳашт ҳазор хонанда ташриф овард, ки ин шумора нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта си – дарсад афзоиш ёфта, ба ҳисоби умумӣ дар китобхона бист ҳазор нафар хонанда омад ва ин шумора нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта чил фоиз зиёд аст.
Афзоиши шумораи хонандагон  аз он шаҳодат медиҳад, ки мутолиаи китоб ахлоқу маънавиёт, ватандўстӣ ва бедорию ҳушёрии ҷавононро боло бурда, онҳоро аз гаравидан ба ҳар гуна зуҳуроти номатлуб нигаҳ медорад. 
Имрўз мо, кормандони китобхона кўшиш карда истодаем, ки сатҳи хизматрасониро боз ҳам боло барем, то хонандагон бештар аз пештар барои ба китобхона омадан ҳавасманд шаванд.
Соли гузашта иқдоми хуберо ба роҳ мондем, ки ин иқдом “Биёед, ба китобхона меравем!” ном дошт ва ташаббускори он Шуъбаи маркетинг ва менеҷменти фаъолияти китобдорӣ буд. Кормандони китобхона бо донишгоҳу донишкада, коллеҷу мактабҳои миёнаи пойтахт рафта, бо муҳассилин ва устодон суҳбат ороста, аз шароиту фазои мусоид, имконияти истифодабарӣ аз маводҳои анъанавию электронӣ ва истифодаи толори компютерӣ маълумот додем.  Чунин суҳбатҳои рў ба рў боиси зиёд гардидани шумораи хонандагон, ҳамкории доимии  онҳо бо ходимони толорҳо, маърифати ҷустану ёфтани адабиёти зарурӣ, муносибати оқилона ба сарчашмаҳои илмию адабӣ, риоя кардани фазои оромӣ дар толорҳо ва омўхтани услубу беҳдошти хониш гардид.
Боиси хурсандист, ки ҳоло толори хониш ҷойи холӣ надорад, мо хонандагонро бо маслиҳати роҳбарият бо толорҳои дигари  холӣ ва ё нисбатан хонандагонашон кам ҷобаҷо карда истодаем.
Соли ҷавонон эълон гардидани соли 2017 моро вазифадор менамояд, ки сатҳу сифати хизматрасониро ба марҳаллаи нав баргардонем, зеро ин тақозои замон ва китобхонии насли наврас аст.
Бо баробари ин гуна ғамхориву дастгириҳои пайвастаи Ҳукумати ҷумҳури ва бахусус таъкиди пайвастаи Пешвои миллат водор месозад, ки бештар аз вақти дигар барои омӯзиш ва ҷалби ҳамсолонамон ба мутолиаи китоб талош намоем. Пешвои муҳтарами миллатамон соли 2017-ро ҳамчун «Соли ҷавонон» эълон намуда,  таъкид месозанд, ки огаҳу худшиносу ватандўст шавем, зиракии сиёсиро аз даст надиҳем ва муҳофизони боэътимоди Ватани худ бошем. Мо бояд  ҳамеша ба панду насиҳат ва ҳидоятҳои Сарвари кишварамон гўш диҳем. Кўшиш кунем, ки фарзанди содиқу вафодор шавему ба ҳама ин бовариву умеди халқу Ватан  сазовор бошем.

 

 

 


Некрўз Мансуров,
мудири Шуъбаи хизматрасонӣ

ба муштариёни  Китобхонаи миллии Тоҷикистон