Сайфиддин Назарзода: Китобхонаи электронӣ ҷойи китобхонаи анъанавиро наметавонад бигирад


Дар шаҳри Санк-Петербурги Русия Анҷумани байналмилалии фарҳангӣ, ки аз ҷониби Вазорати фарҳанги Русия ва Ҳукумати Санк-Петурбург ба муносибати 70-умин солгарди таъсиси ЮНЕСКО ташкил шуда буд, ба поён расид. Зарфи се рӯз ширкаткунандагони он дар ҷаласоти гуногун, мизҳои гирд, мубоҳисаҳои созанда атрофи мероси фарҳанги ҷаҳонӣ ва роҳу равишҳои ҳифзи онҳо,  рушди санъат дар замони муосир ва роҳҳои таҳкими ҳамкориҳо миёни кишварҳо, чопи китоб, мушкилоти китобу китобхона дар ҷомеаи мусоир ва ғайра ширкат ва табодули назар карданд. Бино ба иттилои расмӣ дар анҷумани навбатӣ бештар аз  10 000 нафар ширкат карданд ва дар 82 майдони баҳс атрофи масоили мухталифи фарҳанг ва иттилоот гирд омаданд. 40 мизи мудаввар доир шудааст ва ҳамарӯза 50 чорабинӣ ҳамзамон доир мешуданд.

Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ин Анҷуман профессор Сайфиддин Назарзода, Директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон намояндагӣ кард.
Баъди бозгашт аз сафар аз Сайфиддин Назарзода дар бораи муҳтавои нишастҳо дар Санк-Петербург пурсидем:
- Ҳамчуноне ишора шуд, ҳадафи аслии сафар ба Санк-Петербург ширкат дар чорумин Анҷумани байналмилалии фарҳангӣ буд, ки рӯзҳои 14-16-уми декабр баргузор шуд. Ин як Анҷуманест, ки ҳамасола баргузор мешавад ва ширкаткунандагон дар як майдони озоди андешаҳо дар мавзуъҳои баррасишаванда табодули афкор мекунанд, роҳҳои ҳалли мушкилоти муштаракро меҷӯянд ва ба қарори дахлдор меоянд. Дар радифи чандин масоили мубраму баҳсии фарҳангӣ  Анҷумани чорум низ як бахши муҳим дар бораи китобу китобхона дошт, ки рӯзи 14 декабр бо номи “Китоб ва хониш дар қаламрави ИДМ” дар шакли мизи мудаввар баргузор шуд.  Рӯзи 15-уми декабр бошад, дар доираи ҳамин анҷуман XYIII-умин Ҷаласаи умумии аъзои Ассамблеяи Аруосиёии китобхонаӣ доир гашт.
Маҳфилҳои  Русия Анҷумани байналмилалии фарҳангӣ, ки аз ҷониби Вазорати фарҳанги Русия ва Ҳукумати Санк-Петурбург ба муносибати 70-умин солгарди таъсиси ЮНЕСКО ташкил шуда буд, зери шиори “Аз соли фарҳангӣ ба кишвари китобхон” доир гардиданд, ки хеле рамзист. Хуб мешуд, ки дар ҷумҳурии мо ҳам намунаи ин гуна чорабиниҳо дар сатҳи ҷумҳуриявӣ, вилоятӣ ва ноҳиявӣ дар назар гирифта шавад. Месазад, ки яке аз солҳоро “Соли китобхонаи деҳот” номгузорӣ намоем. Китобхонаҳои деҳот бо китобхонаҳои мактаб бояд ба як маркази маърифатӣ барои ҷавонон табдил ёбанд.
- Дар барномаи Анҷуман аз Ассамблеяи китобхонаи Авруосиё ёд мешавад. Ин чӣ ниҳод аст?
- “Ассамблеяи китобхонаи Авруосиё” як ниҳоди ғайритиҷоратии ҳамкор барои ҳамаи китобхонаҳои муҳими кишварҳои ИДМ буда, зафи се соли охир корҳои муфид ва арзишмандеро анҷом додааст, ки масъулин дар ҷаласаи рӯзи 15-уми декабр ҳисобот доданд. Аз ҷумлаи муфидтарин фаъолиятҳои ин ниҳод дастгирии толорҳои хониши маҷозӣ ва дастрасӣ ба диссертатсияҳои илмии Китобхонаи давлатии Русия мебошад. Ҳамчунин корҳои зиёде дар такмили ихтисос ва табодули таҷриба, такмили қонунгузориҳо вобаста ба корҳои китобдорӣ, татбиқи баъзе тарҳҳои муфид, нашри маҷалла бо номи “Вестник Библиотечной Ассамблеи Евразии”-ро низ анҷом дод. Ин маҷалла дар тӯли мавҷудияти худ бештар аз 460  мавод интишор додааст, аз ҷумла 11 мақолаи он аз Тоҷикистон, навиштаи мутахассисону пажуҳишгарони мост. Ва ҳоло ҷонишини Директори Китобхонаи миллӣ Гадобеку Маҳмудов ба ҳайси хабарнигори ин нашрия ҳамзамон фаъолият мекунад.
Дар охирин ҷаласаи Ассамблеяи китобхонаи Авруосиё, ки моҳи апрели соли равон дар шаҳри Тошканд баргузор шуда буд, муоҳадаи таъсиси китобхонаи электронӣ барои ҳамаи кишварҳои узв ба имзо расида буд, ки ҳоло кор дар ин самт идома дорад.  
- Зимнан дар бораи китобхонаҳои маҷозӣ. Ёдам рафта, вале дар ҷойе хонда будам, ки Директори генералии китобхонаи давлатии Русия А.Вислий мегуфт, ки ҳамоно китобхонаи электронӣ алтернативаи китобхонаи анъанавӣ шуда наметавонад. Шумо ҳам ҳамин назар доред ё гумон мекунед метавонад китобхонаи электронӣ ҷойи китобхонаи анъанавиро бигирад?
- Бале, ба ҳеч ваҷҳ китобхонаи электронӣ ҷойи китобхонаи анъанавиро наметавонад бигирад ва ин як ҳақиқати бебаҳс аст. Ҳаддиақал зарфи чанд даҳсолаи оянда. Албатта, агар сухан аз хондани китоб ба хотири маърифат бошад. Ин ҷо чанд нуктаи бебаҳс ҳаст, ки китобхонаи маҷозӣ наметавонад дар айни замон бо китобхонаи анъанавӣ рақобат кунад. Аввалан, ҳоло ҳам ба чопи рақамӣ омода кардани ҳамаи он китобҳои илмӣ аз имкон берун аст, он чӣ дар китоб интишор меёбад, на ҳамеша дар чопи рақамӣ мешавад ҷо кард. Албатта, мо ният дорем, ки вақтҳои наздик як пажуҳиши фарогир дар мавриди китобҳои дархостмешуда гузаронем, то аниқтар бидонем, ки имрӯз талабот ба кадом китобҳо бештар аст. Вале аз ҳоло метавонам гӯям, ки имрӯз ҳам бештари хонандагони китобхона зиёдтар адабиёти илмӣ талаб мекунанд ва мехонанд, чун аксари аъзои китобхона донишҷӯён, хонандагони макотиби миёна ва устодону кормандони илманд. Талабот ба адабиёти бадеӣ камтар аз адабиёти илмист.
Ва нуктаи дигар ҳам дар иртибот ба авлавият доштани китобхона ҳаст. Масалан, мақсад танҳо хондани кадом китобе бошад, пас албатта онро метавон ба осонӣ аз интернет пайдо кард ва мутолиа намуд. Вале боз ҳам агар ҳадаф он бошад, ки мавзўи мавриди назар ва нашрҳои гуногуни он аз назар гузаронида шавад, пас  хонанда онро танҳо аз китобхона метавонад дарёфт кунад. Зеро дар бойгонии ҳар китобхона китобҳои нодире мавҷуданд, ки онҳо замоне ҳамагӣ як маротиба чоп шудаанд. Ҳамаи онҳоро ҷо кардан ба системаи электронӣ кори чандон осону содае нест. Ин ҳама вақту замон мехоҳад, васоили пешрафтаи техникӣ мехоҳад.
Ғайр аз ин Китобхонаи миллӣ соҳиби бойгонии азими дастхатҳои қадима аст ва барои ошноӣ ва баҳрабардорӣ аз онҳо хонанда бояд ҳатман ба китобхона ояд.

“Дар омодасозии кадрҳо мушкил дорем...”


       - Баргардем ба Анҷуман. Канори дигар масоили муҳим масъалаҳои бозомӯзии кадрҳо  ва умуман такмили ихтисос низ баҳс шуд. Магар ин масъала хеле мушкилоте дорад, ки муҷиби баҳси як Анҷумани байналмилалӣ шудааст?
- Бале, он чӣ аз баҳсҳо дарёфтам, қариб ҳамаи кишварҳои узви ИДМ ҳатто Русия, ба мушкилоти кадрӣ дар соҳаи китобхонаҳо мувоҷеҳанд. Ва ин табиист, чун китобхонаи муосир аз китобхонаҳои чанд соли пеш фарқ мекунанд. Як фарқият ворид шудани техноложии нав аст, ки ба муҷарради рушди системаи коммуникатсионӣ фазои китобхонаҳоро иҳота кардааст. Акнун китобдорони собиқро ҳам лозим меояд, ки ин навгониҳоро омӯзанд ва кадрҳои нав дар донишгоҳҳо бояд аз омӯзиши ҳамин барномаҳо вориди китобшиносиву китобдорӣ шаванд. Дигар ин ки тадриҷан китобхонаҳои маҷозӣ рушд мекунанд, вале онҳо низ алҳол аз ҳамин китобхонаҳои анъанавӣ идора мешаванд, чун бойгонии аслӣ ин ҷост.
- Тоҷикистон дар ин масъала чӣ дастовард дорад ва чӣ мушкилот?
- Аз назари ман омодагии касбии кадрҳо барои китобхона дар ҳамаи кишварҳои пасошӯравӣ як масъалаи муҳим ба шумор меравад. Бо оғози ислоҳоти сиёсиву иқтисодӣ, тағйироти тадриҷии сиёсати фарҳангиву иттилоотии давлатҳои соҳибистиқлол китобхонаҳо низ ба марҳилаи нави рушди худ ворид шуданд ва ҳамзамон ба шароитҳои тағйирёбандаи ҷомеаи иттилоотӣ ва муносибатҳои бозорӣ зарур аст аз нигоҳи назарявӣ таҳлили мушкилоти ғуншуда гузаронида шавад, ки мо дар айни замон ин корро анҷом медиҳем. Барномаи рушди Китобхонаи миллии Тоҷикистон барои солҳои  2015-2020”, ки аввали соли ҷорӣ қабул шуда буд, ба ин мусоидат мекунад. Дар назди Китобхонаи миллӣ давраҳои кутоҳи омӯзишӣ амал мекунад. Аз соли 2013 то 2015 бештар аз 400 нафар корманди Китобхонаи миллӣ ва дигар китобхонаҳои ҷумҳурӣ ин давраҳои омӯзиширо дар Маркази такмили ихтисоси Китобхонаи миллӣ гузаштаанд.  
Чуноне гуфтам, имрӯз иттилоот яке аз омилҳои аслии пешрафти ҷомеа шудааст.  Ин аст, ки мутахассиси имрӯза дар соҳаи фаъолиятҳои китобдориву иттилоотӣ бояд басо возеҳу рушан ба тағйиротҳои инноватсионӣ эътино кунад. Вале ҳайати имрӯзаи кормандони китобхонаҳо дорои сифатҳое нестанд, ки ҷомеаи муосир талаб мекунад.
Масъалаи дигаре, ки муҳим медонем, ин омодагии назариявию амалии мутахассисон аст. Тибқи анъана ва мувофиқ ба нақшаҳои омӯзишӣ ғолибан ба таълими назариявӣ, таърихӣ ва методӣ таваҷҷуҳ карда мешавад, вале масъалаҳои технологӣ ва амалӣ дуюминдараҷа ҳисобида мешавад. Мутаассифона, ба мутахассисони ҷавон донишҳои назариявӣ намерасанд ва дар иҷрои корҳои амалӣ мушкилӣ мекашанд. Таҷрибаҳо нишон доданд, ки хатмкунандагони муассисаҳои миёнаи китобдорӣ дар қиёс ба хатмкунандагони макотиби олии китобдорӣ бештар  ҷанбаҳои технологӣ ва амалиро меомӯзанд, аз ин рӯ мутахассисони маълумоташон миёна бештар аз дигарон малакаи беҳтар доранд.  Ва ин то ҳадде обрӯ, худбоварӣ, ташаббуси мутахассиси дорои маълумоти олиро паст мекунад.
Яъне, мо ин гуна мушкил дар омодасозии кадрҳо дорем.


Дар як сол 19 намоиши китоб ташкил шуд


- Бунёди Китобхонаи миллӣ бидуни шак як дастоварди замони истиқлол аст. Лутфан бигӯед, ки имрӯз иқтидори Китобхонаи миллӣ пурра истифода мешавад?
- То ҷойе бале, истифода мешавад. Имрӯз китобхона танҳо ҷойе нест, ки одамон китоб хонанд, аз он барои фаъолиятҳои илмӣ истифода кунанд, балки маконе шудааст, ки ҳар гуна чорабиниву маҳфилҳо баргузор мешаванд. Дар Китобхона дар соли 2015-ум  116  адад чорабиниҳои дорои аҳамияти байналмилалӣ ва ҷумҳуриявӣ баргузор гардид.
Дар Китобхонаи миллӣ  маҳфили адабии  “Ҳамешабаҳор” амал мекунад, ки дар давоми  соли ҷорӣ 23  маротиба баргузор гардид. Инчунин чорабинии таблиғотӣ таҳти унвони  “Биёед, ба Китобхона равем” 3 маротиба доир шуд.
    Ҷалби васоити ахбори омма ба тарғиб ва ташвиқи чорабиниҳои баргузоршуда  яке аз самтҳои фаъолияти  Китобхона  мебошад. Дар  соли равон 73 чорабинӣ  тавассути шабакаҳои телевизионии “Шабакаи аввал” , ТВ “Сафина ”,  ТВ “Баҳористон ” ва  ТВ  “Ҷаҳоннамо” тарғиб  карда шуданд. Баъзе маҳфилҳо, аз қабили “Оламафрӯз” телевизионист ва он аз тариқи шабакаҳои телевизиони давлатӣ намоиш дода мешавад.
Ба намоиш  гузоштани  китобҳои тозанашр ва мавзўӣ аз  ҷониби шуъбаҳои дахлдори Китобхона низ як самти таблиғот аст.  Дар соли  2015-ум 19 намоишҳои китоб ташкил ва зиёда  аз 600  нусха  китобҳои пурмуҳтаво ба намоиш гузошта шуд.
Китобхона маҳфилҳое дорад, ки дар он адибон бо хонандагон мулоқот мекунанд. Маҳфилҳое роҳандозӣ шудаанд, ки мавлавихониву ҳофизхонӣ мекунанд ва ҳамаи ин барои донишомӯзони ҷавон хеле муҳиманд. Дар китобхона ҳатто барои маъюбон ва афроди дорои имкониятҳои маҳдуд маҳфилҳое танзим шудаанд, ки бо адибони дӯстдоштаашон, муаллифони филмҳову шахсиятҳои фарҳангӣ мулоқот мекунанд. То ин замон аллакай адибони саршиноси кишвар Саттор Турсун, Гулрухсор ва Кароматулло Мирзоев бо ҳайате аз ширкаткунандагони филми “Дар орзуи падар” бо маъюбон дидор доштанд. Ва ин гуна чорабиниҳои фарҳангиву маърифатӣ пайваста дар дигар шуъбаҳо низ баргузор мешаванд, ки ҳам тафреҳиву ҳам омӯзишианд.     

 
“Олимони ҷавон камтар ба китобхона меоянд..”


– Толорҳои хониш аз чӣ имконоте бархурдоранд?
    - Замоне буда, ки толорҳои хониш холӣ буданд. Инро метавон аз собиқадорон пурсид. Аммо ҳоло мо баръакси инро мебинем. Теъдоди хонандагон афзоиш меёбад ва бигзор ҳатто ин аз ҳисоби донишҷӯён бошад. Вақте донишҷӯ ба китобхона меояд, ин аллакай ҷиҳати мусбии кор аст. Буд замоне, ки донишҷӯёнро водор мекарданд, вале намерафтанд. Аммо ҳоло мо афзоиши теъдоди онҳоро қариб дар ҳамаи толорҳои хониш мебинем. Ин дар ҳолест, ки донишҷӯён хеле камтар дастрасӣ ба интернет доранд ва китобхонаҳои донишгоҳҳо на ҳамеша талаботи онҳоро бароварда месозанд. Ва боз ин ки на ҳамаи донишҷӯён соҳиби компютер ҳастанд. Пас дар ин ҳолат роҳи ягона ба китобхона рафтану хондани адабиёт аст.   
Миқдори хонандагони аъзошудаи Китобхонаи миллӣ аз оғози фаъолият  84558  нафарро ташкил медиҳад.  Дар соли 2015-ум  21160  нафар ба Китобхонаи миллӣ аъзо шуданд, ки 82%-и онро донишҷўён ташкил мекунанд. Мутаассифона, миқдори олимони ҷавон 4,5 фисадро ташкил медиҳад, ки мо аз эшон даъват ба амал меоварем, то онҳо ба Китобхона оянд ва аз имконоти он барои пажўҳишҳои илмиашон истифода баранд.
    Ҳамаи толорҳои хониши Китобхонаи миллӣ дастрасӣ ба ҳамаи захираҳои китоб дар китобхонаро доранд. Ва мо ба ҳамаи хонандагон имкониятҳои ҳамсони хизматрасониро фароҳам овардаем: аз мутолиа дар китобхона, то дарёфти иҷозаи бурдани китоб барои муҳлати муайян ба хона ва ё нусхабардории он. Яъне, талош дорем ҳар кореро анҷом диҳем, то барои хонанда муносибу мувофиқ бошад. Албатта, наметавон ҳама китобҳоро ба хона дод, бахусус он кутубе, ки теъдоди хеле кам дорад, вале муштариёнаш бештаранд ва ҳамарӯза талаб карда мешаванд. Бахусус, китобҳои илмие, ки солҳои пеш чоп шудаву ҳоло ҳатто аз сермутолиа будан фарсуда ҳам шудаанд.
    Толори хониши электронии Китобхонаи миллии Тоҷикистон соли ҷорӣ бо барномаҳои муосири махсуси хониши электронӣ муҷаҳҳаз гардонида шуд, ки дар охири сол ба хидмати муштариёнаш вогузор мегардад.  
Шумораи хонандагони ташрифоварда дар соли 2015 ба толорҳои хониш, толори электронӣ, толори маводҳои мусаббат, толори феҳриствораҳо, гўшаҳои кишварҳои хориҷӣ ва дигар нуқтаҳои хизматрасонии  Китобхона  256270   нафарро ташкил дод.    Миқдори сарчашмаҳо, китобҳо ва рўзномаву маҷаллаҳо, ки аз ҷониби кормандон ба хонандагони Китобхонаи миллӣ барои истифода ва мутолиа пешниҳод гардид,  250127 адад китоб ва 54609 адад рўзномаву маҷалла мебошад.