Китобдорон дар бораи Гулназар Келдӣ чиро бояд донанд?
Нашр шуд 2015-09-25 19:20
Озода Мирзоева ва Ҷамил Валиев-кормандони Китобхонаи миллии Тоҷикистон дастури методию библиографиро аз ҳаёт ва эҷодиёти шоири маъруфи тоҷик, муаллифи Суруди Миллии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи адабии давлатии ба номи Абўабдуллоҳи Рўдакӣ, Ҷоизаи Комсомоли Тоҷикистон, Ҷоизаи адабии ба номи Мирзо Турсунзода Гулназар Келдӣ омода намудаанд, ки гумон мекунем муфиду саривақтист.
Дастур «Гулназар Келдӣ адиби ширинсухан” ном дорад ва раҳнамоест ба ҳамаи касоне, ки мехоҳанд шоирро шиносанд.
Гулназар Келдӣ аз ҷумлаи маъдуд шоиронест, ки дар ҳама жанрҳои шеърӣ сурудаву муваффақ шудааст. Бахусус, нақди адабии тоҷик ғазал, маснавӣ, қитъа, рубоиву дубайтӣ дар ашъори шоирро сутудааст.
Ин шоири тозагӯ соҳиби маҷмуъаҳои шеърии «Дастархон» (1972), «Нардбон» (1975), «Ағба» (1979), «Паҳно» (1981), «Лангар» (1984), «Паи дарё» (1987), «Чашми нигин» (1988), «Табхола» (1992), «Гунҷишки наққош» (2007), «Баёзи адабиёти асри бисти тоҷик» (2007), «Гули афшони олуча» (2010), «Оғўши саршор» (2011), «Калоба» (2012) ва ғайра мебошад, ки миёни мардум аз маъруфияти хосе бархӯрдоранд.
Соли 1999 дар Теҳрон китоби якҷилдаи ў бо номи «Забони ошиқӣ» бо хати ниёгон ба табъ расидааст. Худи ў низ ашъори шоирони номии дунёро ба тоҷикӣ гардонидааст. Аз ҷумла, тарҷумаи баёзи шеъри имрўзи Фаронса ба қалами ў тааллуқ дорад
Китобҳо ва шеърҳои алоҳидааш ба забонҳои машҳури дунё тарҷума ва чоп шудаанд. Худи ў низ ашъори шоирони номии дунёро ба тоҷикӣ гардонидааст. Аз ҷумла, тарҷумаи баёзи шеъри имрўзи Фаронса ба қалами ў тааллуқ дорад.
Соли 1999 дар Теҳрон китоби якҷилдаи ў бо номи «Забони ошиқӣ» бо хати ниёгон ба табъ расидааст.
Муаллифон менависанд: “Маслиҳатҳои методии мазкур роҳнамоест барои китобдорон. Албатта, навоварӣ ва ташаббусҳои кормандони китобхонаҳо боиси боз ҳам шавқовартар ва ҷолибтар гузаронидани тадбирҳои пешниҳодшуда хоҳад гардид”.
Дастури методии «Гулназар Келдӣ адиби ширинсухан” ин ҷо қобили дарёфт аст.