Сеюмин ҷаласаи вузарони адлияи кишварҳои узви СҲШ
Нашр шуд 2015-08-18 15:02
Сеюмин ҷаласаи вазирони адлияи давлатҳои узви Созмони ҳамкории Шонҳой дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон баргузор шуд. Дар он сарони вазоратхонаҳои адлияи кишварҳои узв ширкат карданд.
Дар ҷаласа Созишномаи ҳамкорӣ миёни вазоратҳои адлияи давлатҳои аъзои СҲШ ба имзо расид, ки дар он самтҳои асосии ҳамкорӣ байни Вазоратҳои адляи давлатҳои узв ба танзим дароварда шудааст.
Дар ҷаласа ба масъалаҳои таҳкими ҳамкориҳои расонидани кумакҳои ҳуқуқӣ, вусъат бахшидан ба ислоҳоти ҳуқуқӣ, таъмини кафолатҳои ҳуқуқии амнияти маҳаллӣ, таъмини волоияти ҳуқуқ, боло бурдани ихтисоси кормандони мақомоти адлия ва табодули таҷриба дар байни вазоратҳои адлияи давлатҳои Созмони ҳамкории Шонҳой вабаста ба масъалаҳои алоҳидае, ки манфиатҳои мутақобиларо ба танзим медароранд, таваҷҷуҳ сурат гирифт.