Комилзода Шариф - муовини Директор
Комилзода Шариф (Тошев) (тав.01.04.1958, деҳаи Басмандаи ноҳияи Ғончӣ), китобшинос, номзади илмҳои педагогӣ (1989), дотсент (1993). Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзодаро хатм кардааст (1979). Хизмат дар сафи артиши Шўравӣ (1979-1981). Омўзгор, омўзгори калони кафедраи библиографишиносии ДДСТ ба номи М.Турсунзода (1981-1985). Аспиранти Донишкадаи давлатии фарҳанги Маскав (1985-1988). Омўзгори калони кафедраи библиографишиносии ДДСТ ба номи М.Турсунзода (1988-1990). Мудири кафедраи библиографишиносии ДДСТ ба номи М.Турсунзода (1990-1998). Сардори шўъбаи равобити байналмилалии Кумитаи андози назди ҳукумати ҶТ (1998-1999). Раиси Китобхонаи давлатии бачагонаи ҷТ (1999-2001). Сардори Раёсат0и фарҳанги Вазорати фарҳанги ҶТ (2001-2003). Раиси Китобхонаи миллии ҶТ ба номи А.Фирдавсӣ (2003-2011). Аз 6 октябри соли 2011 бо амри Президенти ҷумҳурии Тоҷикистон муовини Директори Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллии Тоҷикистон» таъйин гардидааст.
Комилзода Шариф дар рушду такомули илми китобшиносӣ, китобхонашиносӣ ва библиографишиносии тоҷик, чиҳати азнавсозию ба талаботи даврони соҳибистиқлолӣ мувофиқу созгор намудани фаъолияти кафедраҳои тахассусӣ, такмили мазмуну мундариҷаи фанҳои таълимӣ, таҳияю интишори барномаву дарсномаҳои тахассусӣ, ҷорӣ намудани фанҳои нави таълимӣ ва тарбияи мутахассисони баландихтисоси соҳаи китобдорӣ саҳми муносиб гузоштааст.
Комилзода Шариф муаллифи беш аз 400 асару маќолаҳои илмист, аз ҷумла «Библиографикунонии адабиёти бачагона» (1984), «Мирсаид Миршакар шоири бачагон» (1986), «Бобоҷон Ғафуров ва масоили таҳияи библиографии сарчашмаҳои таърихӣ» (1998), «Корнамоии ҷовидона» (2000), «Нақши китобхонаҳои бачагона дар тарѓиби фарҳанги сулҳ» (2001), «Китобхонаи миллии ҷумҳурии Тоҷикистон дар саргаҳи эҷоди фазои иттилоотӣ» (2004), «Нақши китобхонаҳо дар тарғиби донишҳои ҳуқуқӣ» (2007), «Инъикоси осори Абуабдуллоҳ Рўдакӣ дар библиографияи тоҷик» (2008), «Нашрҳои Китобхонаи давлатии бачагонаи ҷумҳуриявии ба номи Мирсаид Миршакар» (2009), «ҷаҳонишавии китоби тоҷик», «Асосҳои дониши китобдорӣ-иттилоотӣ» (2010), «Библиографияи адабиёт барои кўдакон ва наврасон» (2011), «Ташаккули фарҳанги китобдорӣ-иттилоотии хонандагон», «Наврўз: Китобнома» (2012), «Эмомалӣ Раҳмон: Китобномаи шарҳиҳолӣ», «Об – манбаи ҳаёт: Феҳристи адабиёт», «Муассисаи давлатии Китобхонаи миллии Тоҷикистон: Роҳнамо» (2013).
Комилзода Шариф дар таҳияи матни лоиҳаи Қонуни ҶТ «Дар бораи фаъолияти китобдорӣ», «Барномаи давлатии рушди Китобхонаи миллии ҷТ ба номи Абулқосим Фирдавсӣ барои солҳои 2006-2015» саҳм гузоштааст. Бо мукофоти давлатии медали «Хизмати шоиста» қадр гардидааст. Сардабири маҷаллаи «Китобдор», аълочии фарҳанг, маориф ва матбуоти ҷТ, узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ва Ассамблеяи китобхонаҳои Авруосиё мебошад.