Шуъбаи феҳристнигорӣ ва истифодабарии онҳо

Маълумот дар бораи Шӯъбаи феҳристнигорӣ

Шӯъбаи феҳристнигорӣ соли 1939 дар назди Шӯъбаи коркарди адабиёт ҳамчун бахш фаъолият менамуд.
Дар асоси Қарори Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти рақами №1093 аз 27 июли соли 2011 дар бораи таъсисёбии муассисаи давлатии «Китобхонаи миллии Тоҷикистон» Шӯъбаи феҳристнигорӣ ҳамчун Шӯъбаи мустақил таъсис ёфт ва аз  2- апрели соли 2012 ба фаъолият пардохт.
Шӯъба яке аз сохторҳои таркибии  муаассисаи давлатии “ Китобхонаи миллии Тоҷикистон” буда, мақсади ниҳоии он фароҳамоварӣ, ҳифзу нигаҳдорӣ ва барои истифодаи шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ пешниҳод намудани фонди Китобхонаро тавассути феҳристҳои суннатӣ ва электронӣ мебошад.

Вазифаҳои асосии Шӯъба:

  • хизматрасонӣ ба муштариён аз феҳристи анъанавӣ ва электронӣ;
  • пешниҳод намудани маводҳо ба таваҷҷӯҳи муштариёни дохилӣ ва хориҷӣ ба тариқи феҳристи анъанавӣ ва электронӣ;
  • таҳрир ва барқарорсозии баргаҳо дар феҳристи анъанавӣ ва электронӣ;
  • таъсис ва ҳамоҳангсозиии фаъолияи Шӯъба бо дигар шӯъбаҳои Китобхона барои тартиб додани феҳристҳои суннатӣ ва  электронии алифбоӣ ва соҳавӣ.
  • омӯзонидани барномаи АLЕPH  ба кормандони Китобхона;
  • таъмин намудани «Логину парол» ба кормандони  шӯъбаҳое, ки бо  барномаи АLЕPH фаъолият менамоянд;

Дар Шӯъба ду намуди феҳристҳо ин мавҷуданд:

  • Феҳристи анъанавӣ.
  • Феҳристи электронӣ.

Тарзи истифодабарии феҳристҳо аз ду намуд иборат мебшад;

  • Алифбоӣ
  • Соҳавӣ

Муштариён аз феҳристи  анъанавӣ ва электронӣ китоб, автореферат, корҳои илмӣ ва феҳристи нашрияҳои давомноки илмӣ, тасвири библиографии маводҳои лозимаашонро дастрас менамоянд.
Фаъолияти кории дохили Шӯъба аз чунин корҳо иборат мебошад:
    Ҷобаҷогузории баргаҳои китобҳои тозанашр  аз рӯи  алифбо ва соҳа, қайд намудани рақамҳои  китобҳои такроран нашршуда аз рӯи алифбо ба баргаҳои феҳристҳо, хориҷ намудани маводҳои санадшуда аз феҳристи алифбоӣ ва соҳавӣ аз тарафи шӯъбаҳое, ки дорои фонд мебошанд, хориҷ ва барқарор намудани баргаҳои фарсудашуда, муқоиса кардани феҳристи хизматии шӯъба бо феҳристи асосии шӯъбаи коркарди адабиёт.
Речаи кории шўъба :   аз соати 800 то 1700
Рўзҳои корӣ:    аз сешанбе  то шанбе
Реҷаи кории толори феҳристнигорӣ:  аз 8 00то 2200
Сардори шӯъба:  Ҳалимова Гулчеҳра Ҳамитовна
Тел : 221-03-81                    
Почтаи электронии (E-mail): guiehehra@mail.ru

Барчаспҳо: