Эмомалӣ Раҳмон ва соли тамаддуни ориёӣ

Номи китоб: Эмомалӣ Раҳмон ва соли тамаддуни ориёӣ
Муаллифон: Абдуфаттоҳ Шарифзода, Заробиддин Қосимӣ  
Нашр: Китоби 6. Нашри дуюм.
Макони чоп: Душанбе
Ношир: «Ирфон»
Соли нашр: 2011
Теъдоди саҳифаҳо: 372

 (Сиёсати дохилӣ ва хориҷии Президенти Тоҷикистон дар соли 2006)

Китоб дарбаргирандаи фаъолиятҳои ҳамарӯзии гуногунсоҳа ва пурсамари Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аст, ки аз якуми январ то 7 ноябри соли 2006 - ро ба риштаи тасвир кашидааст.
Талош шудааст, то муҳимтарин рӯйдодҳо ва дастовардҳои сершумори соли 2006-ро, ки арзишмандтарини онҳо ҷашну чорабиниҳои фархундаи миллӣ, аз ҷумла 15 - умин солгарди истиқлоли давлатии Тоҷикистон, Соли бузургдошти тамаддуни ориёӣ, 2700-солагии шаҳри Кӯлоби бостонӣ, анҷумани шашуми тоҷикону форсизабонони ҷаҳон, ҳамчунин интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон буд, ҳамаҷониба ва воқеъбинона инъикос гардад.
Барои доираи васеъи  хонандагон, сиёсатшиносону муаррихон, устодону шогирдони макотиби олӣ, аспирантон ва муҳаққиқони дохилу хориҷ ҳамчун манбаи комили иттилоотию таҳлилӣ пешбинӣ шудааст.