Мутахассиси соҳа Ситораи Абдумуминзода бахшида ба мавзуъи мазкур таваҷҷуҳи бештар зоҳир намуда китоби «Этикаи касбии китобдор»-ро нашр намудааст. Китоб барои донишҷуён, омўзгорон ва кули мутахассисони риштаи китобдорию итилоърасонӣ хеле муфид хоҳад буд.
Ташаккули одоби касбии китобдори яке аз мавзуҳои муҳими назарияи китобхонашиносӣ ба шумор меравад. Пешрафти кори китобхона пеш аз ҳама аз муносибати китобдор бо хонанда вобаста аст. Китобдор дар муҳити китобхона ниҳоят шахси масъулятнок аст ва бояд, ки ба ин масъала
Мутахассисон, мутарҷимон, донишомӯзон дар шуъбаи хизматрасонии билиографӣ метавонанд аз луғати русӣ-тоҷикии истилоҳоти санъат истифода кунанд, ки дорои 7000 истилоҳ ва калима аст.
Ин луғатнома соли 2003 чоп шудааст. Мураттибони он А. Аҳроров , А. Раҷабов , М. Рўзиев, Ҳ. Сабоҳӣ мебошанд.
Луғатнома дорои 7000 истилоҳ ва ибораи махсуси бештар истеъмолшаванда доир ба санъати меъморӣ, ороишиву амалӣ, мусиқӣ, рақс, театр, кино, телевизион, сирк, эстрада, ҳамчунин истилоҳоти эстетики маъмулии умумиро дар бар мегирад. Маврид ба таъкид аст, ки луғати русӣ-тоҷикии истилоҳоти санъат бори аввал дар Тоҷикистон чоп мешавад. Муаллифон гуфтаанд, ки луғат барои доираи ваъсеи хонандагон пешниҳод мегардад.
Он истилоҳу мафҳумҳое , ки ба таркиби энсиклопедияҳо ва
Аз шоирони тозагӯй аст, ашъораш саршор аз ишқи Ватан, дӯстиву рафоқат, муҳаббати поки инсонист. Қариб дар ҳама жанрҳои ададбӣ шеър гуфтааст, қаламашро дар достонсароӣ ва навиштани драмаву филмномаҳо низ санҷидааст. Дар тарҷума низ муваффақ шудааст. Дар гуфтани шеърҳо барои атфол низ комёб шудааст.
Муҳаммад Ғоиб 16 марти соли 1954 дар деҳаи Алиҷони ноҳияи Данғара таваллуд шуда, соли 1977 факултаи физикаю метематикаи Донишкадаи
Иқлимшиносӣ аз қадимитарин илмҳоест, ки башарият ба он таваҷҷуҳ дорад. То ин замон дар гӯшаву канори Сайёра шояд ҳазорҳо ҷилд китобҳои мухталиф оид ба шинохти иқлим таълиф ва чоп шудаанд, ки бо вуҷуди таълифоташон дар солҳои гуногун дорои аҳамияти вежаи илмиву пажуҳишӣ мебошанд.
Як чунин китобе бо номи “Справочник по климату СССР” мебошад, ки солҳои 1967-1968 чоп шудааст. Чуноне аз номаш пайдост, он