таърих
«Ҳудуду-л-олам» маъруфтарин асари ҷуғрофии олам
Нашр шуд 2015-11-30 13:08«Ҳудуду-л-олам», ки аз ҷумлаи машҳуртарин асарҳои ҷуғрофии дунёст, аз ҷониби муаллифи номаълуме таълиф шуда ва то ба имрӯз дар бораи ҳуввияти мусаннифаш дақиқан чизе гуфта нашудааст. Ҳамчуноне дар муқаддимаи ин китоб хоҳед хонд, профессор В.Ф.Минорский Ибни Фариқунро нигорандаи он медонад ва муҳаққиқон танҳо охири асри XIX дар бораи он огоҳ шуданд. Асар соли 372 ҳиҷрӣ (982-983) таълиф шудааст. Соли 1892 шарқшинос, тарҷумони ҳарбӣ, генерал-майори Артиши Императори рус Александр Туманский нусхаи аввали онро дар Бухоро пайдо кардааст ва аввалин хабари он ҳам Русия, дар рӯзномаи “Окраина” интишор ёфтааст.
Александр Туманский донандаи хуби забонҳои арабӣ, туркӣ ва форсӣ буда, солҳои 1891-1895 чун афсар дар Осиёи Марказӣ хизмат кардааст. Солҳои 1900-1905 сарконсул дар шаҳри Ванаи Туркияи усмонӣ будааст. Солҳои 1908-1909 бори дигар ба
Китобе, ки аз шумо даъват мекунем бихонед: «Бытие – симфония диссонанса»
Нашр шуд 2015-10-20 20:12Аз имрӯз дар сомонаи мо имкон доред бо китоби нави яке аз олимони пуркори кишвар Искандар Абдуллоев «Бытие – симфония диссонанса» ошно шавед.
Мухтасар дар бораи муаллиф
Искандар Абдуллоев зодаи шаҳри Душанбе буда, 26-уми марти соли 1949 таваллуд шудааст. Соли 1973 факултаи торихи Донишгоҳи давлатии Русия ба номи Ломаносовро хатм кардааст. Дар мавзуъи “Хислати торихии омилҳои субъективии инқилоби иҷтимоӣ” рисолаи номзадӣ ҳимоя намудааст.
Дотсенти кафедраи фалсафаи Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино буд, дар кумитаи марказии ҳизби коммунисти Тоҷикистон мудири шуъбаи иҷтимоиёт ва баъдан мудири маркази таҳқиқоти стратегии Институти иқтисоди ҷаҳонӣ ва робитаҳои байналмилалии Академияи илмҳои Тоҷикистон буд.
Торихи Русия: муҳоҷирони корӣ бояд аз ин торих чиро донанд?
Нашр шуд 2015-10-13 21:31Таърихи Русия
Нашр шуд 2015-10-13 16:40Торихи Русия. Дастури омӯзишӣ барои муҳоҷирони кории тоҷик. (Нашри дуввум, ислоҳшуда ва пуррашуда)
Китоби нави донишманди тоҷик Зафар Саидзода, ки талош кардааст торихи Русияро барои муҳоҷирини тоҷики муқими ин кишвар бо забони хеле содаи русӣ нависад, то дар супурдани имтиҳонот ҷиҳати дарёфти ҷойи кору зиндагӣ истифода кунанд.