Рисолаҳои илмӣ

Основные внешнеполитические интересы Таджикистана на рубеже веков

Ин китобест, ки ба қалами пажуҳишгари шинохтаи тоҷик Зафар Сайидзода мутааллиқ аст ва чуноне аз номаш дарёфтед, марҳилаҳои рушди сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба риштаи таҳлил кашидааст.

Муаллиф дар сарсухани китоб барҳақ менависад, ки “сиёсати хориҷӣ бо дипломатия иртиботи наздик дорад. Ояндаи Тоҷикистон ба ҳадде аз он вобаста мебошад, ки то кадом ҳад дипломатҳо самаранок ва муфид кор мекунанд. Ва ин комилан фаҳмо ва табиист, зеро сиёсати хориҷӣ қисми ҷудонашавандаи давлатдории Тоҷикистон аст”. 

Ба андешаи муаллиф дар шароити пойдории истиқлолияти давлатӣ зарур омад қарорҳои вазнин қабул карда шавад. Ва онҳо барои вуруди кишвари мо ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ба сифати субъекти ҳуқуқ ва муносибатҳои байналмилалӣ мусоидат карданд, ки

“Республика Таджикистан на межгосударственной арене до и после объявления политики “открытых дверей”

“Республика Таджикистан на межгосударственной арене до и после объявления политики “открытых дверей”
Чунин ном дорад монографияи дигари пажуҳишгари маъруф Зафар Сайидзода, ки соли 2015 дар шаҳри Душанбе чоп шудааст.
Ҳамчуноне аз номаш пайдост, муаллиф ҷанбаҳои гуногуни робитаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар давраи ташаккули сиёсати хориҷии он ва вижагиҳои “сиёсати дарҳои кушод” –ро ба риштаи тасвир кашидааст.
Зафар Сайидзода менависад, ки мураккабии ташаккули сиёсати хориҷии кишвар баъди расидан ба истиқлолияти давлатӣ дар соли 1993 дар он буд, ки аз варақи тоза шуруъ гардид. Тоҷикистон тақрибан анъанаҳои комилшудаву пӯхташудаи фаъолияти сиёсати хориҷӣ дар солҳои Иттиҳоди Шӯравӣ надошт. Зарур омад ҳамаи ин бунёдан аз ҳарфи аввал

“Внешняя политика Таджикистана в период его становления как суверенного независимого государства” (1992-2004 гг)

“Внешняя политика Таджикистана в период его становления как суверенного независимого государства”
(1992-2004 гг)
Чунин ном дорад монографияи пажуҳишгар ва таҳлилгари шинохтаи сиёсии Тоҷикистон Зафар Сайидзода.
Китоб як пажуҳиши шоистаи сиёсати хориҷии Тоҷикистон  дар марҳилаҳои аввали истиқлолияти кишвар аст.
 Он ба сони дастури илмӣ барои пажуҳишгарон, донишҷӯён ва устодони донишгоҳҳои кишвар ва барои ҳамаи касоне мебошад, ки шавқу завқи ошноӣ бо раванди ташаккули сиёсати хориҷии кишвар доранд.

Китоб аз дирӯз ва имрӯзи Китобхонаи миллӣ

Боз китобе ҷузъиёти зиёдеро аз таърихи Китобхонаи миллӣ рушан мекунад. Яке аз куҳнатарин интишороти кишвар - “Ирфон”ахиран дастури илмиеро чоп кард, ки мутолиа ва истифодаи он барои на танҳо донишҷӯёну устодон, балки ба ҳамаи касоне, ки рушди фарҳангу тамаддуни миллат барояшон бегона нест, муфид аст.
Шариф Комилзода, муҳаққиқи шинохтаи китобдориву китобшиносӣ дар кишвар бо интишори китоби наве бо номи “Китобхонаи миллии Тоҷикистон: дирӯз ва имрӯз” руҷуъи тоза ба таърихи китобшиносии муосир кардааст. Муаллиф талош намудааст бо ироаи маълумоти муъҷазу мушаххас таърих, давраҳои ташаккул ва фаъолияти илмиву методӣ, илмӣ-таҳқиқотӣ, библиографӣ ва байналмилалии Китобхонаи миллии Тоҷикистонро мурур кунад ва ҳамзамон бо ин масоили ҷамъоварӣ, ҳифзу нигоҳдории нусхаҳои муътабари фонди

Страницы