Китобдор
Маҷалла фаъолияти худро дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи матбуот ва воситаҳои дигари ахбори омма», санадҳои меъёриву ҳуқуқии соҳавӣ ва қонунгузории ҷории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда, барои баланд бардоштани сатҳи маънавию фарҳангӣ, дар рўҳияи баланди худшиносию худогоҳӣ, фарҳангпарастию инсондўстӣ тарбия намудани ҷомеа ва ҷалби ҳарчи беҳтару бештари онҳо ба китобу китобхона кўшиш ба харҷ медиҳад. Маҷалла тасмим гирифтааст, ки роҷеъ ба масоили мубрами илми китобдорӣ, вазъи имрўза ва дурнамои инкишофи китобхонаҳои Тоҷикистон, проблемаҳои китобшиносӣ, китобхонашиносӣ, библиографишиносӣ ва иттилоотшиносии тоҷик, омўзиш ва тарғиби таҷрибаи муфиди Ассалому алайкум дўстдорони китобу китобхона китобдории ватанӣ ва хориљӣ дар фаъолияти китобхонаҳои Тоҷикистон, мувофиқу мутобиқ намудани самтҳои афзалиятноки рушди фаъолияти китобхонаҳо ба шароиту вазифаҳо ва вижагиҳои ҷомеаи иттилоотӣ, баланд бардоштани сатҳи дониши касбии китобдорон бо дарназардошти ҷаҳонишавии иттилоот ва рушди технологияи ҷадиди иттилоотӣ, расонидани кўмаки методии тахассусӣ барои ҷорӣ намудани шаклу усулҳои наву самарабахши хадамоти китобдорӣ маводи хонданибоб ба табъ расонад.
Умедворем, ки маҷалла бо дастгирию мадади кормандони соҳа, олимону адибон ва равшанфикрони ҷомеа ба минбари ҳақиқии тарғибу ташвиқи муқаддастарин арзишот – КИТОБ ва баланд бардоштани мақому мартабаи КИТОБДОР табдил меёбад.