Эмомалӣ Раҳмон. Китобномаи шарҳиҳолӣ
Номи китоб: Эмомалӣ Раҳмон. Китобномаи шарҳиҳолӣ
Мураттиб: Комил Шарифзода
Макон: Душанбе
Ношир: «ЭР-граф»
Соли нашр: 2012
Теъдоди саҳифаҳо: 662
Китобномаи мазкур бо ҳадафи танзиму феҳристбандӣ ва мавриди омўзишу тарғиб қарор додани осори арбоби барҷастаи давлатӣ ва ҷамъиятиву сиёсӣ, Қаҳрамони Тоҷикистон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон таҳия шудааст.
Китобнома аз мақолаи муқаддимавӣ, 3 қисм ва 13 зерқисм иборат аст.
Мақолаи муқаддимавӣ роҷеъ ба зиндагинома ва паҳлўҳои мухталифи фаъолияти сиёсӣ ва роҳбарии Эмомалӣ Раҳмон маълумоти мушаххас медиҳад.
Дар қисми якуми китобнома номгўи асару мақолаҳо, мусоҳибаву мулоқотҳо, вохўриву суханрониҳои Эмомалӣ Раҳмон шомил шудаанд.
Қисми дуюми китобнома адабиёти марбут ба ҳаёту фаъолияти Эмомалӣ Раҳмон ва асарҳои доир ба ўро дар бар мегирад.