Кӣ метавонад аъзои Китобхонаи миллӣ бошад?

Оё узвият ба Китобхонаи миллӣ маҳдудияти синнусолӣ дорад? Ва суоли дигар: дар куҷо ва чӣ гуна метавон корти узвият ба даст овард?

Малоҳат Искандарова, шаҳри Душанбе

Аслан наметавон инро маҳдудият номид, чун ҳар касе, ки ҳарф мешиносад, майли китобхонӣ дорад, метавонад узви китобхона бошад. Аммо як низоми муайяне дар пазириш ба узвият вуҷуд дорад. Ҳар шаҳрванди Тоҷикистон, ки ба синни 14 ва ҳар шаҳрванди хориҷие, ки ба синни 18 расидааст,метавонад узви КМТ шавад.
Инчунин, кӯдакони аз синни 4 то 14 низ метавонанд хонандаи Толори хониш барои кӯдакон ва наврсон бошанд.
Корт барои хонандагон дар ошёнаи 1-уми КМТ омода мешавад. Барои аъзо шудан бо худ доштани шиноснома (шаҳодатномаи таваллуд) бо нишонии қайди ҷои зист ҳатмист.
Барои корти КМТ як дона акс лозим аст, ки онро дар худи Китобхона омода мекунанд. Арзиши корт 10 сомонӣ муайян шудааст (муҳлати истифодаи корт 3 моҳ аст. Баъд аз тамом шудани ин муҳлат, бояд дубора барои дарёфт кардани корт муроҷиат кард).