Маркази иттилооти ҳуқуқӣ
Маркази иттилооти ҳуқуқӣ
Ҳамчуноне аз номаш пайдост, Шуъба бо ҳадафи дар руҳияи эҳтироми қонун, риояи ҷиддии он тарбия намудани шаҳрвандон ва сари вақт таъмин намудани онҳо бо иттилооти зарурии ҳуқуқӣ ташкил шудааст. Табиист, ки китобхона чун маъхази муҳими маърифат силсилакитобҳои ҳуқуқӣ дорад ва чун ҳуқуқ як бахши басо муҳими ҳаёти ҷомеа аст, таъсиси Марказ ё Шуъбае дар назди китобхона аз аҳамияти вижае бархӯрдор мебошад. Таҷриба нишон дод, ки афроди зиёде ҷӯёи донишҳои ҳуқуқианд ва ин бахш метавонад дар ин самт хизматҳои зиёди шоиста анҷом диҳад.
Дар айни замон чун Маркази мазкур навтаъсис аст, махзани иттилоотии ҳуқуқии худро ба шакл медарорад, китобҳои ҳуқуқиро танзим мекунад, то дарёфту мутолиаи он барои хонанда осон гардад.
Марказ хадамоти зеринро барои муштариёнаш дар увлавият қарор додааст:
- омўзиш ва таҳлили рушди соҳаи ҳуқуқ;
- таҳкими пояи ҳуқуқии китобхона;
- омўзиш ва пешниҳоди роҳҳои нави баланд бардоштани сатҳи дониши ҳуқуқии истифодабарандагон;
- ташвиқу тарғиби фаъолияти китобхона ва бахшу шуъбаҳои онҳо дар матбуоти даврӣ, радио ва телевизион.
- таъсис ва ҳамоҳангсозии хизматрасонии иттилоотӣ-ҳуқуқӣ ва дигар намудҳои хизматрасонии пулакӣ дар асоси созишнома (якҷоя бо дигар шўъбаҳои китобхона).
Соатҳои кории шуъба: рӯзҳои сешанбе-шанбе аз соати 08:00 то 17:00