Ҷойгоҳи ҷавонон дар таҳкими ваҳдати миллӣ

Мирзошоҳрух Асрорӣ, Раиси Шўрои ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон мегӯяд истиқлолият бе ваҳдати миллӣ ва ваҳдат бидуни истиқлолият пойдо буда наметавонад. 
Раиси Шўрои ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон, ки баъд аз зуҳри рӯзи 21-уми май дар мизи гирди «Нақш ва ҷойгоҳи ҷавонон дар таҳкими арзишҳои миллӣ» сухан мегуфт, иброз дошт, ки пойдории ваҳдат ин пойдориву устувории истиқлолияти кишвар аст. Наметавон ин дуро аз ҳам ҷудо донист. 
Ба андешаи Мирзошоҳрух Асрорӣ беш аз ҳар вақти дигар имрӯз ҷомеаи кишвар ба ваҳдати миллӣ ниёз дорад. Дар замоне, ки гуруҳҳои ифротӣ таҳдид ба амнияти кишварҳои минтақа доранд, дар Тоҷикистон маҳз суботу амният тавассути пойдории ваҳдат имконпазир аст. 
Ин мизи мудаввар бо ширкати  Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Душанбе доир шуд ва дар он ҳудудан 50 нафар аз ҷумлаи коршиносон, таҳлилгарон, кормандони ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва давлатӣ ҳузур ёфтанд.  
Дар сухани ифтитоҳии худ Директори Китобхонаи миллӣ Сайфиддин Назарзода нақши ҷавононро дар фарҳангу тамаддуни миллӣ, рушди саноату иқтисод, илму фарҳанг ва мориф сутуд.  
Мирзошоҳрух Асрорӣ дар мавзӯи  саҳми ҷавонон дар пешрафти ҷамъияту давлат,  маърўза хонд. Инчунин, дар давоми сўҳбат номбурда аз  гаравиши ҷавонон ба ҳизбу созмонҳои ифротӣ,  аз сафарбар шудани ҷавонони тоҷик ба қаламрави ДОИШ сухан ронд ва гуфт:  «Имрўзҳо даҳҳо проблемаҳои глобалӣ аз қабили терроризму экстремизм ва қочоқи маводи мухаддир дар саросари ҷаҳон реша давондааст. Вақтҳои охир ҷавонони мо ба давлатҳои исломӣ барои ҷиҳод намудан рў овардаанд, ки ин нигаронкунанда аст. Ҷавонони тоҷик бояд рислоати хешро хуб дарк намоянд».
Дар идома Раиси Шўрои ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон  бобати чӣ гуна ва бо чӣ мушкилиҳо ба даст омадани истиқлолият ва ваҳдати миллӣ ҳарф зад. Вай гуфт: «Мо бояд чӣ гуна ба даст омадани истиқлолият ва моҳияти онро донем. Имрўз бояд насли наврас арзишҳои истиқлолиятро донанд. Мо имрўз дар СММ мақом ва ҷойи худро дорем. Бояд қайд намоем, ки истиқлолият бе ваҳдати миллӣ ва ваҳдати миллӣ бе истиқлолият пойдор буда наметавонад».