Шўъбаи коркарди адабиёт
Метавон ин Шўъбаро яке аз шўъбаҳои муҳим ва қадимии Китобхонаи миллӣ номид. Он соли 1933 ташкил шудааст. Соли 1936 феҳристи хизматӣ (генералӣ) ба фаъолият шурўъ намуд. Соли 1939 бо саъю кўшиши кормандони шўъба феҳристи алифбоии хонандагон ташкил шуда, ба истифода омода гардид.
Аз моҳи апрели соли 2012 бахши феҳристҳо, ки дар тобеияти шўъба буд, ҳамчун шўъбаи алоҳида ба фаъолият шурўъ намуд. Ҳоло дар шўъбаи коркарди адабиёт чунин бахшҳо арзи вуҷуд доранд: бахши коркарди адабиёт ба забони русӣ, бахши коркарди адабиёт ба забонҳои тоҷикӣ ва узбекӣ, бахши авторефератҳо ва дисертатсияҳо.
Рисолати асосии шўъбаи мазкур коркарди тамоми ҳуҷҷатҳои ба фондҳои Китобхона воридшуда мебошад.
Самтҳои асосии фаъолияти шўъба аз инҳо иборатанд:
- рақамгузории тамоми нашрияҳои ба шўъба воридшуда;
- таҳияи навиштаҷоти библиографӣ ба тамоми намуди нашрияҳои ба шўъба воридшуда ва интиқоли онҳо ба феҳристҳои бахшу шўъбаҳои Китобхона;
-бунёди феҳристҳои чопӣ ва электронии хизматии (генералӣ) Китобхона, такмили феҳристҳо бо навиштаҷоти нави библиографӣ ва таҳрири онҳо, рақамгардонии ҳуҷҷатҳо пеш аз нашр тибқи ҷадвалҳои Т К Б (ББК) ва ТДУ (УДК);
-мутобиқнамоии фондҳо ба феҳристи хизматӣ (генералӣ);
-мутобиқнамоии феҳристи хизматӣ бо феҳристи хизматрасонии Китобхона;
-воридсозии иловаҳо ба баргаҳои феҳристҳо тибқи навиштаҷоти нави библиографӣ
-коркарди гуруҳии мавод
-таҳияи ҳуҷҷатҳои аз фонду феҳристҳо хориҷшуда
- расонидани ёрии амалию-методӣ ба шўъбаҳои Китобхона ва китобхонаҳои Ҷумхурӣ оид ба масъалаҳои коркарди адабиёт ва ҷорӣ намудани ҷадвали таснифоти китобдорӣ-библиографӣ ва ҷадвали таснифоти даҳрақамаи умумӣ
Уҳдадориҳои шўъба
1. Коркард, мураттабсозии тасвири марказонидашудаи маҳсулоти чопии ватанию хориҷии ба Китобхона воридшуда.
2. Омўзиши таҷрибаи пешқадами кори китобхонаҳои Ҷумхурӣ марбут ба фаъолияти шўъба.
3. Таҳияи нақшаи солонаи кории шуъба ва ҳисобот аз натиҷаи иҷроиши он.
4. Ташкили машварату семинарҳои кормандони китобхонаҳо дар масоили коркарди адабиёт.
5. Баланд бардоштани дараҷаи касбии кормандони шўъба.
6. Пешбурди корҳои иттилоотӣ ва тарғиботи масоили соҳа.