Тақдими 46 адад китоби чопи Брайлӣ барои хонандагони нобинои Китобхонаи миллӣ
Нашр шуд 2015-07-16 13:01
Чорабинии муштараки Китобхонаи миллӣ ва намояндагии “Россотрудничество”-и Русия дар Тоҷикистон бо тақдими 46 адад китобҳои ҷадиди чопи Брайлӣ барои хонандагони нобинои Китобхона ба анҷом расид.
Ин чорабинӣ қабл аз зуҳри панҷшанбе, 16-уми июл дар ошёнаи аввали Китобхонаи миллӣ, ки толори хизматрасонӣ ба афроди имкониятҳояшон маҳдуд дар он ҷойгир аст, бо ширкати ҷамъе аз меҳмонон, хонандагон, кормандон ва масъулони Китобхона доир гардид.
Роҳбари намояндагии “Россотрудничество” дар Тоҷикистон Владислав Курнушко дар суханронӣ аввал ҳамаи маъюбони кишварро ба идашон муборакбод кард ва гуфт тасмими кӯмак ба нобиноён ва дигар афроди имкониятҳояшон маҳдуд як барномаи қаблан тарҳрезишуда буд ва он ки имрӯз китоб тақдим мешавад, оғози ин ёриҳост.
Дар ҷараёни барнома аъзоёни ҷамъияти нобиноёни кишвар бо ширкати шуъбаи махсуси китобхона як барномаи кутоҳи консертӣ низ намоиш доданд.
Владислав Курнушко ба намояндагӣ аз “Россотрудничество” 46 адад китоби чопи Брайлиро барои нобиноён ба Китобхона тақдим намуд.
Ҷониши Директори Китобхонаи миллӣ Салима Раҷабова дар хотима худ бо изҳори хушнудӣ аз иқдоми “Руссотрудничество” иброз дошт, ки хазинаи китобҳои чопи Брайлии Китобхона боз ҳам ғанитар мешавад. Вай ҳамзамон афзуд, ки хизматрасонӣ ба афроди имкониятҳояшон маҳдуд бахше аз фаъолиятҳои Китобхонаи миллӣ аст, вале ба назар мерасад эҳтиёҷ ба ин гуна китобҳову дастурамалҳои омӯзишӣ ва маводи савтӣ бештар аст.