Китобхона Рўзи маъюбонро таҷлил намуд

Нимаи аввали рӯзи 7 –уми июли соли равон Китобхонаи миллӣ бо ҷамъе аз меҳмонон, хонандагон ва кормандон рӯзи маъюбонро таҷлил намуд.  
Меҳмонони ин чорабинӣ раиси Кумитаи параалимпии Тоҷикистон Сафар Боев, устоди варзиши кишвар оид ба дастхобонӣ Адолат Хуҷамқулова, мураббии шоистаи варзиш оид ба дастхобонӣ Сайидмурод Низомов ва зиёда аз 20 нафар аъзоёни шуъба ширкат доштанд. 
Дар ин чорабинӣ ҳамчунин муовинони Директори Китобхонаи миллӣ Гадобек Маҳмудов ва Салима Раҷабова ширкат доштанд.
Муовини директори Китобхона Гадобек Маҳмудов дар суханои муқаддамотии худ шахсони имконияташон маҳдудро бо фарорасии иди шахсияшон табрик гуфта, барои онҳо пеш аз ҳама саломатӣ ва хушнудиҳову шириниҳои ҳаётро таманно намуд. 
Муовини Директори Китобхона хотиррасон кард, ки дар кишвар ин ягона шуъбаест, ки ба афроди дорои имкониятҳои маҳдуд хизмат мерасонад 
Сафар Боев-раиси Кумитаи параалимпии Тоҷикистон гуфт: “Мо ифтихор мекунем, ки шахсони дорои имкониятҳои маҳдуд новобаста ба мушкилот дар омӯзиши илм ва варзиш хеле пешсафанд. Вай гуфт, ки бо варзишкорон аз ҷумлаи ин афрод ифтихор дорад, чун нек медонад, ки варзиш қосиди сулҳо субот ва рамзи ободиву саломатист”.  
Боев ба роҳбарияти Китобхона барои эҳдои як фурсати муносиби дидор ба ҳамаи касоне, ки ҷамъ омада буданд, изҳори сипос намуд. 
Баъдан порчаҳои намоиш аз варзишгарони дорои имконияташон маҳдуд, ки дар мусобиқаҳои гуногуни варзишӣ ширкат намуда ҷойҳои намоёнро сазовор гашта буданд, нишон дода шуд. Дар рафти чорабинӣ лаҳзаи мусиқӣ ва қироати шеър дар иҷрои аъзоёни шуъба Заринаи Абдураҳим, Раҳматуллои Раҳим ва Қурбонов Меҳроҷ сароида ва шунида шуд.
Дар интиҳои барнома муовинони директори Китобхона Г. Маҳмудов ва С.Раҷабова аз номи директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон Сайфиддин Назарзода ба онҳо тўҳфаҳои хайриявӣ супориданд.