Барои дарёфт кардани адабиёти зарурӣ ба куҷо муроҷиат намоям?
Ман чи гуна метавонам барои худ адабиёти лози маро интихоб кунам? Ба кӣ ва чӣ гуна бояд муроҷиат кард?
Соҳиб, донишҷӯ
Аз феҳристи электронӣ истифода баред. Китобро метавонед аз толорҳои хониш, ки дар ошёнаи 2-юми китобхона воқеъ аст, дархост намоед.
Агар адабиёти лозимаатон дар фонди шуъбаҳои махсус бошад, пас онро аз толори худи ҳамон шуъба гирифта метавонед. Дар феҳристи электронӣ коди фонде, ки дар он адабиёти лозимаи Шумо қарор дорад, гузошта шудааст, ки метавонед аз он истифода баред.
Агар аз феҳристи электронӣ ёфт накардед, пас ҳатман аз кофтукови анъанавӣ, тариқи феҳристи КМТ истифода баред. Вале агар дар он ҷой ҳам пайдо накардед, кормандони шуъба ба Шумо кӯмак мерасонанд.