Анъанаи дерин: “Рӯзи дарҳои боз”
Нашр шуд 2015-09-03 18:30
Чун анъанаи дерин имрӯз Китобхонаи миллии Тоҷикистон “Рӯзи дарҳои боз”-ро оғоз кард. Аз субҳ то анҷоми соати корӣ даста-даста хонандагон аз гӯшаву канори пойтахт ва навоҳии атрофи он вориди Китобхона шуданд, аз толорҳои хониш, махзанҳои нигаҳдошти китоб дидан карданд.
Намоишҳои гуногуни китобро, ки ба санаҳои мухталиф бахшида шуда буданд, тамошо карданд, бо китобҳои нав ошно шуданд.
Аксари онҳо ҷавонон будн, иддае бори аввал по ба остонаи китобхона мениҳоданд, иддае дигар хонандагони доимии китобхона буданд, ки дӯстону пайвандонашонро раҳнамоӣ мекарданд.
Вуруд имрӯз барои ҳама озод буд, онҳо метавонистанд ба дилхоҳ суолоти худ посух дарёфт кунанд. Ҳам аз таърихи китобу китобхона ва ҳам аз теъдоди нашрияҳое, ки китобашонро ба Китобхонаи миллӣ ирсол мекунанд.
Имрӯз рӯзи мулоқоти хонанда ҳам бо китоб ва ҳам бо масъулини китобхона буд.
Рӯзе буд, ки ҳудудан 7 ҳазор нафар бо азимтарин макони маърифат аз наздик ошно шуданд. Ва маҳз ҳамин рӯз садҳо тан аз меҳмонони “Дарҳои боз” ба сафи хонандагони ҳамешагии китобхона пайвастанд.
Хуш омаданд!
“Рӯзи дарҳои боз” ду рӯзи дигар идома мекунад.
Умед аст сафи хонандагони ҳамешагӣ низ акнун ба маротиб хоҳад афзуд.