Адабиётро нусхабардорӣ кардан мумкин аст?
Оё дар китобхонаи миллӣ имкони он вуҷуд дорад, ки китобҳо ва бахше аз китобро нусхабардорӣ кунем?
Наврӯз Одинаев, шаҳри Қурғонтеппа
Адабиёте, ки дорои аҳамияти оммавӣ аст, барои нусха гирифтан иҷоза дода мешавад. Додани нусхаи элеткронии адабиёте, ки ҳуқуқи муаллифиаш ҳимоя шудааст, тибқи қонуни ҶТ “Дар бораи ҳуқуқи муаллиф ва ҳуқуқҳои вобаста ба он” манъ аст.
Танҳо нусха гирифтан аз мақолаҳо, аз нашрияву маҷалла, аз китоб қисман иҷоза аст (наздики 15% аз ҳаҷми асар). Нусхбардории пурраи ашъор тибқи қонунгузорӣ манъ шудааст.
Осори дастоварди умумро метавонед аз китобхонаи электронии мо дарстрас намоед.