кўдакон ва наврасон.

Аз “Намунаи адабиёти тоҷик”. Муҳаммад Нақибхон Туғрали Аҳрории Фалғарӣ (Вафот – 1337)

Туғрал Шоҳинро мусоҳиб шудаву худро аз шогирдони ў мешуморид, лекин аз ашъораш маълум мешавад, ки шогирдиаш ба Шохин танҳо ба ном аст, танқиду тасҳеҳи ўро надидааст. Зеро агар монанди Туғрал як комилистеъдод аз мисли Шохин як устоди комил танқиду роҳбарӣ медид, ҳеҷ гоҳ ба ашъораш он қадар хомиҳо, ки ба девони Туғрал дида мешавад, пайдо намешуд.

(Аз девонаш)

 

Аз “Намунаи адабиёти тоҷик”. Мирзо Абдуллоҳ Зуҳурӣ

Ҳиротист, ки дар Бухоро истиқомат карда, дар он ҷо ба оташ сўхта вафот ёфтааст.Зуҳурӣ муосир, мусоҳиб ва мухлиси Шоҳин буда.

(Аз таскираи Афзал)

Эй низоминазму ҷомитабъу фирдавсикалом,

Дар бари шоҳини табъат Ваҳшӣ ҷуз усфур нест.

Маҳфили навбатии “Ҳамешабаҳор”. Баҳори Муъмин Қаноат

Нашрияи “Пайрав” дар ҳамкорӣ бо Муассисаи давлатии Китобхонаи миллии Тоҷикистон ва Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон хоҳишмандонро ба Маҳфили «Ҳамешабаҳор» даъват мекунад. Сўҳбату баҳсу мунозираҳои шавқовар дар атрофи ашъори Мўмин Қаноат баргузор мегардад.

Мавзўъ: Баҳори Мўмин Қаноат

Маҳфилоро: Шоир Хайрандеш

Маҳфилафрўзон: Ҷаъфар Ҷалол, Суруш Хол ва дигарон

Макон: Муассисаи давлатии Китобхонаи миллии Тоҷикистон.

Таърихи адабиёти ҷаҳон. Еврипид (солҳои 485 – 400 пеш аз мелод )

 Намояндаи сеюм ва ҳамзамони Софокл ва намояндаи охири фоҷиаи атиқаи Юнон Еврипид аст. Дар асарҳои ў бўҳрони давлати Африка, ки дар замони ҷанги Пелетона ( 431 – 404 ) хеле тезу тунд гардидиа буд, инъикоси худро ёфтааст. Масъалагузорӣ ва ғояи асарҳои драмавии Еврипидро бо назардошти масъалаҳои умдаи ҷамъиятиву сиёсии нимаи дуюми асри V Афина фаҳмидан мумкин аст. Еврипидро «файласуфи саҳна» гуфтанд, ки дар фоҷианомаҳои ў тозатарин комёбиҳои фикрии замонааш инъикос ёфтаанд. Тахмин кардаанд, ки Еврипид қариб 90 асари драмавӣ эҷод намудааст ва аз он танҳо 19 тояш 

Таърихи халқи тоҷик барои синфи 10

 Таърих як қисми хотираи халқ аст.Бо ҳама пастию баландиҳояш, бо ҳама хубу бадиҳояш, бо ҳама фардҳои ҷоҳилу оқилаш дар ёди ҳамзамонону дар сабти қаламкашонаш боқӣ мемонад. Ҳар давру замони таърихӣ хусусиятҳои худро дорад. Бо ҳамон хусусиятҳояшон давлатҳою халқҳо, ҳокимону қаҳрамонҳо ва аҳли заҳмат ба таърих ворид мешаванд.

Ду ҳикояи Азизи Азиз

  Азизи Азиз барои бачаҳо афсона ва ҳикоя менависад. Чанд китоби латифаю чистонҳояш низ ба чоп расидаанд. Вале бештар чун афсонанавис шинохта шудааст. Дар китобҳои ў «Афсона ва ҳикояҳо» (соли 1989, «Адиб»), «Хандонак» (соли 1998, «Нодир»), “Қиссаи пирамарди тоҷик ва сарлашкари муғул» (соли 1998, «Пайванд»), «Қарзи сарлашкар» (соли 2001, «Адиб»), «Донишманд ва девдарахт» (соли 2010, «Адиб»), «Афсонаи об», «Шаш ва нўҳ», «Саргузашти заргўшак», «Чилпо», «Афсонаи тарс», «Ҷануб кадом тараф аст?» (соли 2013, «Истиқбол») беҳтарин навиштаҳояш гирд оварда шудаанд.

Страницы