Сиёсӣ

Китобе, ки ҳушдор медиҳад ва раҳнамоӣ мекунад

Башарият, ҷаҳони имрўз дар марҳалае қарор доранд, ки онро сиёсатмадорону ҷомеашиносон, донишмандони соҳаҳои мухталифи илму фарҳанги ҷаҳон,  махсусан кишварҳои ғарбӣ, давраи бархўрди тамаддунҳо ва ё бо калимаи боз ҳам  серистеъмолтар - ҷаҳонишавӣ -  меноманд.


 

 

“Внешняя политика Таджикистана в период его становления как суверенного независимого государства” (1992-2004 гг)

“Внешняя политика Таджикистана в период его становления как суверенного независимого государства”
(1992-2004 гг)
Чунин ном дорад монографияи пажуҳишгар ва таҳлилгари шинохтаи сиёсии Тоҷикистон Зафар Сайидзода.
Китоб як пажуҳиши шоистаи сиёсати хориҷии Тоҷикистон  дар марҳилаҳои аввали истиқлолияти кишвар аст.
 Он ба сони дастури илмӣ барои пажуҳишгарон, донишҷӯён ва устодони донишгоҳҳои кишвар ва барои ҳамаи касоне мебошад, ки шавқу завқи ошноӣ бо раванди ташаккули сиёсати хориҷии кишвар доранд.

Густариши ахлоқи миллӣ-посух ба пайомадҳои манфии ҷаҳонишавӣ

Муаллифи китоби мазкур Зафар Сайидзода бар ин назар аст, ки яке аз рукнҳои саодат дар зиндагии инсоният ахлоқу маънавиёт аст ва агар инсон пероставу ороста бо маънавияёт ва хулқу атвори наку бошад, соҳиби як зиндагонии шоиста дар хонавода ва дорои мавқеъи устувор дар ҷомеа мегардад. Ба андешаи муаллиф масъалаҳои ахлоқиву маънавӣ дар ҳар замон аз аҳамияти фавқулодае бархўрдор ҳастанд, вале дар асру замони мо, ки асри печидагии робитаҳо, густурдагии рўбарушди иртиботот, авҷ  гирифтани фановарӣ ва тавсеаи иртиботот аст, дорои аҳамияти бештар мебошанд.
Ҳамаи ин ва боз чандин масоили дигар фарогири китобест, ки бо номи "Густариши ахлоқи миллӣ-посух ба пайомадҳои манфии ҷаҳонишавӣ" чоп шудааст ва бо он метавон аз ин ҷо ошно шуд.

“Нақши сиёсии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар рушди босуботи Тоҷикистон"

Китобест, ки соли 2012 нашр шудааст ва аз дастовардҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даврони истиқлолият нақл мекунад. Муаллифон Зафар Сайидзода ва Абдуқаҳҳор Холов кўшидаанд сиёсати созанда, мутавозин ва дурбинонаи Президент Эмомалӣ Раҳмонро, ки дар рушду тавсеаи тамоми
соҳаҳои ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии кишвар таҷассум гаштааст, дар мисолҳои равшан нишон диҳанд.

Страницы