Луғатномаҳо

Фарҳанги мукаммали забони тоҷикӣ

Фарҳангнигорӣдар таърихи забони тоҷикӣ собиқаи дерина ва намунаҳои барҷаста дорад. Фарҳангу луғатномаҳои фаровон, ки луғатшиносон ва фарҳангнигорони машҳур дар давраҳои гуногун таҳия ва таълиф кардаанд, ганҷинаи бебаҳои вожагони забони тоҷикӣ маҳсуб гардида, то имрўз қолаб ва шаклу гунаҳои мухталифи калимасозӣ ва истилоҳофаринии забон аз рўи онҳо омўхта мешавад.
Дар ин фарҳанг ва луғатҳои гуногунҳадаф муаллифону мураттибон тағйироту таҳаввулоти бахши вожагони забон ва калимаҳои навсохту тозаэҷоди замони худро бо шарҳу тафсир сабт карда, барои нигаҳдошту такмил ба ояндагон мерос мондаанд. Фарҳангнигорӣ як риштаи басо муҳими забоншиносии тоҷик буда, таҳлил ва баррасии он яке аз василаҳои асосии пажўҳиш ва таҳқиқи бахши вожагони забон маҳсуб мешавад.
Ҳадафи асосии чунин таҳқиқот таҳияи феҳристи мукаммали