Абонементи байни китобхонаҳо

11 ҳазору 871 нусха китоб барои мутолиа ба хона

Соли  сипаришуда ба шуъбаи абонементи байни китобхонаҳо 5223  нафар  истифодабарандагон   муроҷиат  намуданд,  ки  аз онҳо  447 нафар хонандагони наваъзошуда мебошанд. Бо дархости истифодабарандагон  11871  нусха  адабиёт  ба  хона барои  истифодаи  муваққатӣ  дода  шуд.

Нуҳ моҳи Шуъбаи абонементи байни китобхонаҳо

Зарфи нуҳ моҳи соли 2015 ба шуъбаи абонементи байни китобхонаҳо  3463  нафар  истифодабарандагон   муроҷиат  намуданд,  ки  105 нафари онҳо хонандагоне мебошанд, ки нав аъзо шудаанд.
Бо дархости истифодабарандагон  8109 нусха адабиёт ба хона барои  истифодаи  муваққатӣ  дода  шуд.

Шуъбаи абонементи байни китобхонаҳо ва расонидани ҳуҷҷатҳои КМТ

Шўъбаи абонементи байни китобхонаҳо (АБК) низ қадимитарин шуъбаҳои Китобхонаи миллист. Он соли 1933 таъсис ёфтааст. Ва мутобиқи “Созишнома оид ба ташкил намудани абонименти байни китобхонаҳо ва расонидани ҳуҷҷатҳо байни давлатҳои ИДМ (аз 19 уми январи соли 1999 ва бо қарори Шўрои иқтисодии ИДМ аз 16 уми марти соли 2001 «Низомномаи сексияии АБК давлатҳо –иштирокдорони ИДМ» тасдиқ гардид.

Страницы