Чин бо расми 70 соли пеш Китобхонаи миллӣ омад

Намоиши аккосони Чин ба муносибати 70-умин солгарди пирӯзӣ дар Ҷанги дуввуми ҷаҳон субҳи рӯзи шанбе, 15-уми август дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон бо ширкати Сафири Чин дар Тоҷикистон, сарварони Китобхонаи миллӣ ва ҷамъе аз намояндагони дипломатии кишварҳои хориҷии муқими Душанбе, вазоратҳои корҳои хориҷӣ, мудофеа ва хабарнигорон ифтитоҳ шуд. 

Намоиши аксҳо, ки бори аввал дар кишвари мо баргузор мешавад, бо ташаббуси Сафорати Ҷумҳурии мардумии Чин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ожонсии хабарии «Синхуа» роҳандозӣ мешавад. 
Ҳамчуноне таъкид шуд, намоиши мавзуъист ва ба 70-умин солгарди пирӯзии башарият бар фашизм бахшида шудааст. 
Чин низ дар гузашта аз қурбониёни фашизм буд ва ҳамасола рӯзи 3-уми сентябрро чун рӯзи озодии хирад ва пирӯзии неруҳои солим бар фашизм таҷлил мекунад. Ҳатто соли равон бо қарори Шӯрои давлатии Чин рӯзҳои 3-5-уми сентябр дар сар то сари ин кишвар рӯзи истироҳат эълон шудааст. 
Зимни суханронӣ Сафири Чин дар Тоҷикистон Фан Сян Жун аз ҷумла гуфт: “Ин ҷанг як фоҷеаи муштараке буд, ки ҳаёти 35 миллион сокинони Чинро ба марг кашонд.  Он як бахши басо муҳими ҷанги ҷаҳонии зиддифашистӣ буд. Пирӯзӣ дар он  ҷузъи аслӣ аз таърихи ҷаҳон аст, ки дар он мардуми Чин  ҳамроҳ бо дигар кишварҳо саҳми боарзиш гузоштанд”.   
Сарвари идораи дипломатии Чин дар Душанбе бо таъкиди муҳим будани субот дар ҷомеаи имрӯз гуфт: “Сарфи назар аз он ки ҳамаи халқҳои олам барои пуштибонӣ аз суботу амният талош карданд ва ин пирӯзӣ ҳам ба даст омад, вале олами имрӯз ҳамоно ноором аст. Таҳдидҳои зиёди амниятиро мебинем, ки хатароте ба дунбол доранд. Ва ин ҷанги хунинро пушти сар гузошта, мо набояд роҳ диҳем, ки он ҳодисаҳо такрор шаванд. Мо бояд аз таърих сабақ гирем, халқҳои худро аз хатарҳо ҳифз кунем ва ояндаи зеборо барои наслҳои худ бунёд созем. Ин масъулият ва уҳдадории мост.  Аз ин рӯ мо бояд ба ҳам оем ва нагузорем, ки неруҳои тахрибкор назми ҷомеаро хароб созанд”.
 Ҷаноби Фан Сян Жун  гуфт, ки дар солҳои ҷанг халқҳои Тоҷикистон ва Чин бо ҳам буданд ва чун шарикони ҳаммаром дар як саф бо душман ҷангиданд. “Ба наздикӣ дар Пекин чорабиниҳои тантанавӣ ба ифтихори ҳафтодсолагии пирӯзӣ дар Ҷанги дуввуми ҷаҳон баргузор мешавнад, ки дар он сарварони кишварҳои олам даъват шудаанд. Сарварони мо муштаракан аз оламиён даъват хоҳанд кард, ки суботи сартосариро ҳифз намоянд. Умедворам намоиши имрӯза он ҷанги 70 соли пешро ба ёд меорад ва кумак мерасонад, ки оламеро бунёд созем, ки дар он суботу амният, рушду тавсеъа ҳоким бошад”. 
Аксҳо таърихиянд ва ҳикояткунандаи саҳнаҳои мудҳиши ҷангу хунрезӣ, қатли одамон, гуруснагиву ташнагӣ, зиндагонии зиллатбори мардум, паёмҳои нишотовари пирӯзӣ дар ҷанг ва ғайра. Ҳамаи онҳо бо кумаки Ожонсии иттилоотии «Синхуа», Фонди иҷтимоии «Ен Бан»-и Созмони Ҳамкории Шонҳой,  Ожонсии марказии тарҷумаҳолӣ  ва Осорхонаи Шонҳой гирдоварӣ шудаанд.  
Дар ин маросим зумрае аз собиқадорони ҷанг ва заҳмат аз Тоҷикистон ширкат доштанд ва сарвари Шӯрои собиқадорони кишвар Раҳмат Қудратов зимни суханронӣ аз он солҳои мудҳиш ва қурбониёну қаҳрамонон ва фотеҳони ҷанг аз Тоҷикистон ёд кард.