Маркази фарҳангии Корея
Гўша дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон 27.12.2013 бо ширкати Сафири Куриёи Ҷанубӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагони Вазорати корҳои хориҷӣ, намояндагони идораҳои дипломатии кишварҳои хориҷӣ дар шаҳри Душанбе ва роҳбарону масъулони Китобхонаи миллӣ ифтитоҳ гардид.
Ҳадаф аз таъсиси Гўшаи Куриёи Ҷанубӣ дар шаҳри Душанбе шинос намудани муштариён бо ҳаёту фарҳанги ин кишвар буда,қасд дорад дар оянда ҳаводорону дӯстдорони Куриёро аз миёни хонандагони бештар кашф кунад.
Дар марказ 109 номгўи диск ва зиёда аз 450 номгўи китоб мавҷуд аст.Масъулони Гӯша ният доранд дар оянда номгӯи китобҳо ва дискҳои омӯзишиву фарҳангӣ ва маърифатиро афзоиш диҳанд, то корбарон интихоби бештар дар мутолиа дошта бошанд.
Сар аз моҳи марти соли 2014 дар Гўша дарсҳои забони куриёӣ ва фарҳанги Корея оғоз шуданд. Имрӯз ҳам хонандагон меоянд ва барои омӯзиш дар курсҳо худро номнавис мекунанд.
Хоҳишмандон ба ҷуз дарсҳои омӯзишӣ имкон доранд филмҳои тавлиди Куриёро тамошо кунанд, аз филмҳои мустанад дар бораи таърихи гузашта ва имрӯзаи ин кишвари афсонавӣ маълумот пайдо намоянд.
Барои номнавис шудан дар Гушаи Куриё хохишмандон бояд бо як дона акс ва нусхаи шаходатнома ё шиноснома худро муаррифӣ кунанд.
Ҳар курси омӯзишӣ як давраи думоҳаро дар бар мегирад.