Дидор баъди 70 сол

Дидани ин манзара ҳузнангез буд. Дар толор 4 тане дар ҳалқаи як суҳбат кашида шуданд, ки мудҳиштарин солҳову рӯзҳоро пушти сар гузоштаанд. Солҳое, ки мутаассифона, бархе мехоҳанд акнун нодида гиранд. 
Ин чаҳор тан аз ҷумлаи ҳамон ҳудудан ним миллон тоҷикистоние буданд, ки дар ҷабҳаву дар ақибгоҳ ҷонбозиҳо карданд, то ватане бо номи СССР, ки қаламрави имрӯзаи мо низ бахше аз он буд, аз хатари фашизм наҷот дода шавад.
 Ин чаҳор тан ёдгори зиндаи он солҳои мудҳишанд. Инҳо ва садҳову ҳазорҳо мисли онҳо буданд, ки парчами пирӯзиро дар лонаи фашистон боло карданд ва на танҳо СССР, балки кулли башариятро аз хатар наҷот доданд. 
Ва дар ин мулоқот ширкаткунандагон ашкро дар чашмони онҳо диданд, ки ҳалқа мезад ва аз рухсораҳои гармашон шорида поён мерехт. Хеле саҳнаи мутаассир барои касоне, ки арзиши ин пирӯзиро медонанд, ки чист. 
Ва яке аз ин афрод генерал Абдуллоҳ Ҳабибов буд, ки бо китоби тозатаълифаш дар ин мулоқот ҳузур дошт. Вай дар суханронӣ аз он саҳфаҳои пуршӯр ҳикоят кард ва таълифи китобе бо номи “Аскарони Ғалаба”-ро пораҳо аз он сарнавишт номид ва гуфт: "Бигзор фарзандону ояндагони мо дар бораи қаҳрамониву корнамоии шуҷоатмандонаи бобоёни худ донанд ва ифтихор кунанд."
“Аскарони Ғалаба” бидуни шак як туҳфаи хеле хубе буд дар остонаи 70-умин солгарди пирӯзӣ бар Олмони фашистӣ, ки бо талоши Абдулло Ҳабибов ва журналисти тоҷик Раҷаби Мирзо рӯйи чопро дидааст. Дар он ширкаткунандагони ҷанг аз шаҳри Душанбе пораҳои хотираи худро қисса кардаанд ва аз забони ровиён мураттибон он ҳамаро рӯи коғаз овардаанд. Ва хеле қиссаҳои хонданиву шуниданӣ. Қиссаҳои кутоҳ, вале дар пояи ҳар кадом метавон як ҳикоя офарид, ки баландтарин ғояи ватандӯстиро дар худ ғунҷонида бошад. 
Ин чорабинии мондагор рӯзи 7-уми май дар Китобхонаи миллӣ баргузор шуд ва дар он чор тан аз ширкуаткунадагони он ҷанг: Сангинов Абдуллои 89-сола, Абдуллоев Хаскаши 91- сола, Раљабов Саиди 89-сола, Умаров Мелибойи 91 –сола иштирок карданд. 
Мулоқот бо собиқадорони ҷангро бо сухани муқаддамотӣ Ҷонишини Директори Китобхонаи миллӣ Ҳуриниссо Ализода ҳусни оғоз бахшид. Директори Китобхона Сайфиддин Назарзода меҳмононро хайрамақдам гуфт ва ҳозиринро ба ёди он солҳое андохт, ки ватан дар хатар буд ва садҳо ҳазор тан ба дифоъи он бархостанд, ки зумрае аз онҳо фарзандони Тоҷикистон буданд.  
Меҳмонони олиқадр, фотеҳони ҷанг ва пирони барнодил зимни суханронӣ дар баробари ёдоварии он рӯзгори сангин орзу карданд, ки кош Тоҷикистон осуда бошад ва фарзандону наберагонашон доғи ҷанг набинанд. Вақте онҳо сухан мегуфтанд, наметавонистанд худро аз гиря боздоранд. Ва ҳар касе дар он мулоқот ҳузур дошт, шояд пеши назар меовард, ки онҳо ҳар сол ин гуна ҳарф мезананд ва ҳар сол мегирянд. Гиряи онҳо ба хотири он ҳамсилоҳонест, ки бо онҳо буданд, вале аз хати ҷабҳа барнагаштанд, гиря аз ёди он рӯзҳоест, ки гуруснагиву ташнагӣ қасди ҷонашон дошт, мудҳиштарин соатҳоро бо машаққат пушти сар гузошта буданд. Ва имрӯз ҳам ки синни онҳо дар остона ё болотар аз 90 аст, ёди он рӯзгорро дар қалбу хотир ҷавон нигоҳ медоранд.  
Дар ин чорабинї ҳамчунин сафири Белорус дар Тољикистон Гаврук Олга Анатолевна, сардори намояндагии Россотрудничества дар Тољикистон Курнушко Владислав Олегович, раиси иттињоди интернатсионалистони собиќадорони Љумњурии Тољикистон Шавкат Мирзоев, муовини раиси иттињодия Ѓайратов Асланшо,  Элдар Ќудратов, Раиси Шўрои собиќадорони љангу мењнати ноњияи Исмоили Сомонї Боқӣ Мирзоев, директори бозори «Саховат»-и шањри Душанбе Давлатманд Саидов, гурўњи устодону донишљўёни Донишгоњи миллии Тољикистон аз факултаи журналистика ва донишомӯзон аз дигар макотиби оливу миёнаи пойтахт ширкат доштанд. 
Дар хотима Директори Китобхона Сайфиддин Назарзода ба собиқадорони ҷанг туҳфаҳои хотиравӣ супурд.
 Маврид ба ёдоварист, ки рӯзе аз ин пеш дар шўъбаи хизматрасононї ба маъюбони Китобхонаи миллии Тољикистон бахшида ба 70- солагии Ѓалаба бар фашизм ин гуна вохўрї доир гардида буд.  
Дар он Ҷонишини Директори Китобхона Ҳуриниссо Ализода аз саҳми тоҷикистониён дар мубориза зидди фашизм суханронӣ кард. Ҳакимҷон Ҳалимови 90-сола аз мудҳиштарин ҷангҳои он замон ҳарф зад, хотироти ҷолиберо ба хонандагони ин шуъба, ки афроди маъюб мебошанд, ҳикоят кард.