Гўшаи фарҳангии Шоҳигарии Арабистони Саудӣ
Ин гӯшаи фарҳангӣ 29-уми марти соли 2013 бо ҳузури ноиби вазири умури хориҷии шоҳигарии Арабистони Саъудӣ ҷаноби Амир Абдулазиз ибни Абдуллоҳ ибни Саъуд ва собиқ Вазири фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирзошоҳрух Асрорӣ расман ифтитоҳ гардид.
Гўшаи мазкур дорои зиёда аз 3000 номгуй китобҳо ба забони арабӣ дар соҳаҳои гуногуни илм мебошад. Аз ҷумла, китобҳои илмию амалӣ, луғат, ҷуғрофия, илмҳои сиёсӣ, таърих, таърихи Ислом, фарҳанги умумӣ, маълумотҳои умумии техникию иттилоотӣ, қиссаҳо ва китобҳои таълимии забони арабӣ барои донишҷўёну наврасон гӯшаи фарҳангиро оро додаанд.
Ғайр аз ин маҷаллаву рўзномаҳои арабӣ низ зиёданд ва дар хидмати корбарон қарор дода шудаанд.
Ин гӯша бо техникаи компутерӣ муҷаҳҳаз буда, хонандагон метавонад аз онҳо луғатҳои зиёди арабӣ бо забонҳои гуногунро пайдо ва истифода кунанд.
Ҳамзамон бо ин дар ин Гӯша омӯзиши дарси забони арабӣ барои хоҳишмандон роҳандозӣ шудааст. Айни ҳол, филмҳову барномаҳои ҷолиби таълимӣ барои наврасону ҷавонон роҷеъ ба мавзўъои гуногун барои тамошо омодаанд ва дар ҷараёни дарс истифода мешаванд.