Профессор Сайфиддин Назарзода, Директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон бо ибрози назар дар бораи раванди ҷаҳонишавӣ гуфт, ки “фарҳангҳои пурқудрат ҳама вақт дар тамоми таърихи инсоният сари фарҳангҳои хурду кўчак бартарӣ доранду оҳиста –оҳиста онҳоро фурў мебаранд. Чаро? Зеро ин ҳодисаи табиии таърихӣ аст. Пайванди фарҳангҳо пеш аз ҳама дар натиҷаи алоқаи байни онҳо пайдо мешавад”.
Суҳбат ва гуфтугӯ бо директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон Сайфиддин Назарзода дар мавзуоти таърих, рушду таҳаввул ва вазъи забони тоҷикӣ дар тӯли таърих.
Истиқлолият ва забон. Дар ин 24 соли соҳибистиқлолии Тоҷикистон забони тоҷикӣ аз кучо то куҷо рушд ёфтааст? Чи монеъаҳо буданд ва имрӯз забони мо чӣ ҳол дорад?
Суҳбатест, ки дар як муколамаи телевизионӣ матраҳ шудааст. Директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон, профессор Сайфиддин Назарзода ба суолҳои Шабакаи аввали телевизиони Тоҷикистон посух медиҳад.