Хониши Маҷозӣ

Чопи китоби нав аз ибтикороти шоистаи Пешвои миллат

«Дар бораи масъалаҳои мубрам ва ибтикороти сиёсати хориҷии Ҷумуҳурии Тоҷикистон» - таҳти чунин унвон дар нашриёти «Контраст» - и пойтахт китоби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз чоп баромад.

Мураттиб ва муаллифи пешгуфтори китоб мушовири калони бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ, доктори илмҳои таърих Зафар Сайидзода мебошад.

Нашрия дар ҳаҷми 366 саҳифа буда, аз маҷмӯаи  порчаҳо аз паёмҳои 

 

Бозгашти Тоҷикистон ба арсаи сиёсати ҷаҳонӣ

Ин чӣ шўрест, ки дар даври қамар мебинам,
Ҳама офоқ пур аз фитнаву шар мебинам.

Ҳофизи бузургвор, ки озурдагию эътирозу инзиҷори худро аз риёю фитнаю шар, ки бар авзои пурҷаҳолату торики асримиёнагии рўзгораш ҳоким буд, бад-ин гуна иброз доштааст, оё метавонист биандешад, ки пас аз гузашти беш аз ҳафт садсола пас аз сари ў «аҳволи ҷаҳон, балки гетӣ як сар» тағйир нахоҳад кард, балки печидатар хоҳад шуд?!

Тоҷикистони муосир: масъалаҳои мубрами истиқлоли миллӣ

Чунин ном дорад китоби донишманди тоҷик, доктори илмҳои таърих Зафар Сайидзода.  Ин китоби таҳлилӣ ба масъалаҳои мубрами истиқлоли миллӣ, гиромидошти забони модарӣ, густариши ахлоқи миллӣ, таъмини рушди устувору босуботи кишвар ва фароҳам овардани шароити мусоиди берунӣ барои он бахшида шудааст.

Муаллиф дар сарсухани китоб менависад: “Неруи тарбиявии омӯзаҳои сиёсӣ, ахлоқӣ ва маънавӣ ҳамон вақт пуртаъсир мегарданд, ки худи ҷавонон имкони мушоҳидаи бевоситаи равандҳои таърихиро пайдо мекунанд ва ба сифати муҳаққиқи таърихи миллати хеш ба омӯзиш мепардозанд. Ва чунин имконро ба онҳо китобҳое медиҳанд, ки ба