Семинари илмию амалӣ аз покии забон
Нашр шуд 2015-06-30 16:15
Масъалаҳои татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар як семинари илмию амалӣ, ки субҳи рӯзи 30-уми июни соли равон дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон баргузор шуд, мавриди баҳсу баррасӣ қарор гирифт.
Семинар бо ташаббуси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон доир шуд ва Гавҳар Шарофзода, раиси Кумита дар сухани ифтитоҳии худ мухтасар аз мавзуъ ва ҳадафҳои семинар сухан ронд ва то кадом андоза зарур ва муҳим будани риояи қонуни забонро таъкид кард.
Гавҳар Шарофзода бо изҳори таассуф қайд намуд, ки бо вуҷуди талошҳои зиёд ҳамоно ба покии забони тоҷикӣ таваҷҷуҳи лозим сурат намегирад.
Саодатшо Матробиён – муовини Раиси кумитаи забон зимни суханронӣ таваҷҷуҳи ҳозиринро ба баъзе масоили таърихии забон ҷалб кард. Вай зимнан аз он ки ҳамоно дар пойтахти кишвар ва ҳам шаҳру навоҳии дигари мамлакат овезаву шиорҳо бо хатоҳои ҷиддӣ навишта мешаванд ва номҳо тоҷикӣ нестанд, ёдовар шуд, ки масъала ҷиддан аз ҷониби Кумитаи забон пайгирӣ мешавад.
Дар семинар намояндагони вазорату идораҳои зидахл аз пойтахт ва наоҳии атрофи он ширкат ва суханронӣ карданд.