“Ваҳдат ва раванди гуфтугӯи тамаддунҳо” муаррифӣ шуд
Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон бо ширкати раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Махфират Хидирзода, раиси Кумитаи иҷроияи Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон Мирзошоҳрух Асрорӣ, профессор Нодир Одилов, академик Мамадшо Илолов ва дигар намояндагон илму фарҳанг муаррифии китоби “Ваҳдат ва раванди гуфтугӯи тамаддунҳо” доир гардид.
Китоб сипосномаест ба ваҳдати устувору безаволи тоҷикон. Он аз ду боб иборат буда, дар боби аввал зери унвони “Ваҳдат - омили муттаҳидсози миллат” суханрониҳои Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон оид ба ваҳдат, сулҳ ва гуфтугӯи тамаддунҳо ҷой гирифтааст.
Дар боби дуюми китоб мақолаҳои олимону донишмандони тоҷик Нодир Одилов “Роҳбаре бо хиради хусравонӣ”, Мирзошоҳрух Асрорӣ “Ваҳдат - арзиши муқаддасу азиз”, Меҳмон Бахтӣ - “Файзи истиқлол ва ваҳдат” ва дигарон оид ба нақши барҷастаи Сардори Давлат дар тарғибу тавсифи ваҳдат, таҳаммулгароӣ ва фарҳанги сулҳ ҷой дода шудаанд.
“Ваҳдат ва раванди гуфтугӯи тамаддунҳо” бо мусоидати созмони байналмилалии хазинаи «Диалоги Авруосиё» интишор ёфта ва сарвари он Эмсал Коч дар сарсуханаш ба он аз ҷумла менависад: «Ташкилоти ҷамъиятии «Диалоги Авруосиё» ҳамчун нишонаи арзи эҳтиром ба хизматҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи тарғиби ваҳдат ва таҳаммулпазирӣ китоби мазкурро зери унвони «Ваҳдат ва раванди гуфтугўи тамаддунҳо» ба чоп омода намуд. Дар ин китоб намунае аз талошҳои пайгиронаи ин сиёсатмадори хирадманду дурандеш, ҳомии сулҳу ваҳдат ва тарғибкунандаи таҳаммулпазирӣ дарҷ гардидааст».