Эмомалӣ Раҳмон поягузори сулҳ ва ваҳдати миллӣ
Номи китоб: Эмомалӣ Раҳмон поягузори сулҳ ва ваҳдати миллӣ
Муаллифон: Абдуфаттоҳ Шарифзода, Саймурод Фаттоев
Нашр: Китоби 2. Нашри дуюм
Макони чоп: Душанбе
Ношир: «Ирфон»
Соли нашр: 2011
Теъдоди саҳифаҳо: 372
(Сиёсати дохилӣ ва хориҷии Президенти Тоҷикистон дар солҳои 1996 - 1999).
Чаҳор соли талошҳои созанда барои истиқрори сулҳу субот дар кишвар. Муаллифон рафти мулоқоту машваратҳои тарафҳои даргир ва билохир 27 июни соли 1997 имзо гардидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллиро ҳамчун бузургтарин рӯйдоди таърихии кишвар ба қалам дода, хизмати Эмомалӣ Раҳмонро дар ин марҳалаи муҳиму ҳассос таъкид намудаанд.
Китоб ҳамчун манбаи комили иттилоотию таҳлилӣ барои ҳамаи хонандагон, сиёсатшиносону муаррихон, устодону шогирдони макотиби олӣ, аспирантон ва муҳаққиқони дохилу хориҷ пешбинӣ шудааст.