“Меҳрошён”

Ин китоб аз рӯзгори ходими давлативу ҷамъиятӣ Ёрмурод Ғиёсов аст, аз хотироти меҳрбори ҳамкорон, шогирдон ва пайвандонаш мураттаб шудааст. 
Ёрмурод Ғиёсов зодаи деҳаи Урметани ноҳияи Айнӣ буда, агар умр вафо мекард, соли 2015 ба остонаи 90 қадам мегузошт. Иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ, дорандаи орденҳои “Шараф”, “Байрақи сурхи меҳнат” ва чандин медалҳову ифтихономаҳо, узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон буд.
Шахсе, ки солҳои тӯлонӣ ноҳияи Айниро сарварӣ кардааст. Барандаи Ҷоизаи адабии ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, шоири тавонои тоҷик Доро Наҷот  менависад: “Замони роҳбарии Ғиёсов ноҳияи Айниро ба юмни комбинати маъдани куҳии Анзоб  тамоми Иттиҳоди Шӯравӣ мешинохт ва ин коргоҳи овозадоре буд, ки чанд тан нақбзанону пармагаронаш унвонҳои Қаҳрамони меҳнати Сотсиалистӣ, депутати Шӯрои олии СССР ва чанд тани дигар дарёфтгарони нишони Ленин буданд. Дар замони сарварии Ғиёсов Сарвода шаҳраке буд, ки як даста гули навшукуфтаро мемонд...”
Дар китоб ёдномаи шахсиятҳое чун Қутбӣ Киром, Мирзошоҳрух Асрорӣ, Холмурод Шарифов, Усмон Олим, Даврон Холиқов, Давлат Даврон, Соҳибназар Ғоибов, шеърҳои Гулназар Келдӣ, Раҳмат Назрӣ, Субҳон Туйғун ва Озарахш чоп шудаанд.