“Менеҷмент”
Ин китоб, ки ба тозагӣ бо Қарори Мушовараи Вазорати маорифи кишвар интишор шудааст, аввалин таҷрибаи таҳияи як дастури муфассали илмии фарогир барои донишҷӯёни риштаи иқтисод ба шумор меравад.
Китоби дарсӣ аз 16 мавзуъ иборат аст, ки мантиқан ҳамчун фаслҳои том, пайдарпай оварда шудаанд. Ҳар мавзуъ нафақат назария ва консепсияҳои дахлдорро, балки матлаби машғулиятҳои амалиро дар бар мегирад. Қисмати назариявии фаслҳо бо хулосаҳои мухтасар, рӯйхати адабиёти тавсиявӣ, тестҳо ва замимаи луғати истилоҳот поён меёбад.
Китоби дарсии “Менеҷмент” дар асоси таҳлили талабот ба омӯзиши касбии менеҷмент дар шароити гузариш ба иқтисодиёти бозоргонӣ ва инчунин бо назардошти таҷрибаи мусбати хориҷию ватанӣ дар тайёр намудани мутахассисони соҳаи идоракунӣ таҳия шудааст. Ба сифати моделҳои асосии таълим пешниҳоди мутахассисон ва коршиносони Ассотсиатсияи Миллии мнеҷерҳо ва маркетингшиносон, ки ба шароити Тоҷикистон мутобиқ карда шудаанд, истифода гардидаанд.
Аммо муаллифон мегӯянд бо вуҷуди ҳама талошҳо дар як китоб шарҳу тавзеҳ додани ҳама ё ҳатто аксари масъалаҳои муҳимтарини менеҷмент аз имкон берун аст.
Китоб ба теъдоди 1000 нусха дар нашриёти “Ирфон” бо сифати баланд ва ранга чоп шудааст.