“Зафармандон”
Тибқи оморҳои дарёфтӣ танҳо аз ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон бештар аз дуввуним ҳазор нафар дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ ширкат кардаву дар иҳимояи Ватан ҷонбозиҳо кардаанд. Аксари онҳо ҷавонони навхат буданд, ки на танҳо аз ҷангу пайкор хабар надоштанд, дар зиндагӣ мустақилу корозмуда набуданд. Аз ин ҷумла бештар аз ҳазор нафарашон шаҳди шаҳодат нӯшидаанд ва боқӣ солиму захмӣ ба Ватан баргаштанд.
15 нафар аз зумраи ҷанговарони ёвонӣ бо нишони “Шараф”, 250 нафар бо нишони “Ситораи Сурх” ва 500 нафар бо ордену медалҳо ва мукофотҳои дигар сарфароз гардидаанд.
Муаллифони китоби “Зафармандон” Ф.Муҳаммадӣ ва Қ. Сафархолов мегӯянд исми ҳудудан 2300 нафар ҷанговарони собиқро мушаххас кардаанд, дар бораи онҳо аз китобҳои то ин замон чопшуда, бойгонӣ, хотираҳои мардум маводҳо гирд овардаанд ва дар бораи 1940 нафари онҳо хеле мухтасар ҳам бошад, дар китоб маълумот додаанд. Аммо дар бораи 332 нафар аслан маълумот пайдо карда натавонистаанд, вале исми онҳоро дар поёни китобашон овардаанд.
Ин китоб дар остона ва рӯзҳои таҷлил аз 70-умин солгарди пирӯзӣ бар фашизм дар чопхонаи “Ашуриён”-и шаҳри Душанбе чоп шудааст.