Фарҳанги водии Ҳисор
Донишмандони шинохтаи тоҷик Аскаралӣ Раҷабзода ва Муҳаммадраҳим Каримзода аз тариқи нашриёти “Дониш” китоберо таҳти унвони «Фарҳанги водии Ҳисор дар ҳамоҳангӣ ба тамаддуни минтақавӣ» интишор додаанд, ки чуноне аз номаш пайдост, ба ифтихори 3000-солагии тамаддуни Ҳисори шодмон бахшида шудааст.
Китоб бо забонҳои русӣ ва инглисӣ навишта шуда, онро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мусоидат бо Академияи илмҳои кишвар ва Маркази илмии байналмилалии фарҳанги мусиқии мардумони Шарқ - «Борбад» мунташир кардааст.
Аскаралӣ Раҷабзода китобро маҳсули кори муштараки донишмандони маъруфе аз Тоҷикистон, Русия, Фаронса, Канада, Ӯзбекистон ва Туркманистон медонад. Ба маънии дигар дар китоби “Фарҳанги водии Ҳисор...” мақолаҳои олимони зиёде гирдоварӣ шудаанд, ки аз гузашта ва имрӯзи Ҳисори шодмон ҳикоят мекунанд.