Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ
Номзади илмҳои фалсафа Сайидзода Зафари Шералӣ монографияи худро бо забони русӣ таҳти унвони “Республика Таджикистан на межгосударственной арене до и после объявления политики “открытых дверей» ба теъдоди 1000 нусха интишор додааст, ки аз се боб ва ҳашт бахш иборат аст.
Муаллиф талош кардааст сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар даврони истиқлолиятро мавриди баррасӣ қарор диҳад ва онро то ва баъди эълони сиёсати “дарҳои кушод” ба риштаи таҳлил кашад.
Аз назари Зафар Сайидзода мураккабӣ дар сиёсати хориҷӣ он буд, ки кишвар онро тақрибан аз варақи тоза оғоз кард. Аз сӯи дигар баъди эълони истиқлолият неруҳои манфиатҷӯ Тоҷикистонро ба хоку хун кашиданд. Дар гирдоби ин ҷанги ҳамватанӣ роҳбарони мамлакатро лозим меомад, ки ҳам суботи сартосариро таъмин намоянд ва ҳам сиёсати хориҷии худро бо давлатҳои ҳамсоя ва хориҷи дур таври шоиста тарҳрезӣ кунанд.
Муаллиф дар муаррфии китобаш мегӯяд, ки он танҳо ба доираҳои илмӣ ва педагогӣ, донишҷӯёну унвонҷӯён ва магистрҳо равона нашудааст, балки ҳамаи онҳое, ки барояшон омӯзиши таърихи сиёсати хориҷии Тоҷикистони соҳибистиқлол мароқангез аст, метавонанд баҳра бардоранд.