Пажуҳиши арзишманде аз таърихи бостон

Дар нашриёти “Илм” асари пажуҳишии шоир ва муҳаққиқи шинохтаи таърихи бостон Муҳтарами Ҳотам бо номи “Ҳинди гумшуда” ва ашъори тозаэҷодаш дар бораи водии Ҳисор бо номи “Зиҳӣ, Ҳисори Шодмон” дар як китобе, ки иборат аз 783 саҳифа аст, интишор ёфт. 
“Ҳинди гумшуда” аз сарзаминҳое ривоят мекунад, ки бо номҳои куҳани ориёҳиндӣ “Ригведо”, “Маҳапбҳарата”, “Пурон”-ҳо, “Рамаяна” ёд мешуданд. Аммо дар таърихи гузаштаву имрӯз бори аввал дар ҷуғрофияи нав – Шарқи Осиёи Миёна, хусусан минтақаҳои Тоҷикистон, Фарғона, ғарби Чин ва ноҳияҳои атрофашон таҳқиқот сурат гирифтааст.
Ҳамчунин роҷеъ ба сарнавишту маънои чанде аз вожаҳо таълифот пешниҳод гардидааст. Дар қисмати дуввуми китоб бошад, шеърҳо бахшида ба 3-ҳазорсолагии Ҳисори Шодмон ҷой дода шудаанд.